Ҳалномаи суди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Ҳ А Л Н О М А

АЗ НОМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«24»-уми феврали соли 2020                                                                                           ноҳияи Фархор

Суди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон

Дар ҳайати раисикунанда, судя                                                                                       Раҳимзода З.С.
Бо котибии                                                                                                                         Атахонзода Ҷ.А.
Бо иштироки прокурор                                                                                                      Қурбонов С.С,
Дар маҷдиси ошкори судӣ дар бинои суди ноҳияи Фархор парвандаи гражданӣ бо аризаи Раҷабов Парвиз Сабзаалиевич аз беамалии Комиссияи ҳавзавии интихоботии №6, Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархорро баррасӣ намуда, суд: -

М У А Й Я Н      К А Р Д:


Аризадиҳанда Раҷабов Парвиз Сабзаалиевич ба суд бо аризаи номбурда муроҷиат намуда қайд кардааст, ки ӯ бо ҳамроҳии аъзоёни оилааш дар суроғаи кӯчаи А.Рӯдакӣ, №8/2 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор зиндагӣ мекунад.
Ӯ санаи 01-01-2016-ум сол дар Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор ба ҳайси мутахассис-пешбар ба кор омада, баъдан сармутахассис ва дар айни замон аз моҳи марти соли 2019-ум ба ҳайси муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Фархор кору фаъолият карда, аз моҳи марти соли 2019-ум вакили Ҷамоат мебошад.
Қайд кардааст, ки санаи 01-03-2020-ум сол ваколатҳои вакилони Ҷамоат ба охир расида, ӯ ба ҳайси муовини раиси Ҷамоат кору фаъолият мекунад ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» Раис, муовин ва котиби Ҷамоат бояд вакили Ҷамоат бошанд.
Гарчанде, ки интихобкунии вакилони Ҷамоат озод бошад ҳам дар навбати аввал рӯйхати раис, муовин ва котиби Ҷамоат бояд ба Комиссияи интихоботӣ пешниҳод карда мешуданд. Аммо раиси Ҷамоат аз рӯи хусумат ва бадбинӣ барои қабули ҳуҷҷатҳои ӯ монеагӣ карда, ба раиси Комиссияи интихоботи супориш додааст, ки ҳуҷҷатҳои ӯро қабул накунад.
Тибқи талаботи боби 4-и моддаи 24-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» Интихоби вакилон ба Ҷамоат умумӣ аст: Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк ва синни 18 ҳуқуқи интихоб карда ва аз синни 20 ҳукуқи интихоб шудан ба Ҷамоатро доранд.
Аризадиҳанда Раҷабов Парвиз Сабзаалиевич санаи 14-01-2020-ум сол, ба рухсатии меҳнатӣ рафта ва мунтазам оиди интихобот бо кормандони Ҷамоат бо тариқи телефонӣ ҳамсӯҳбат шуда, инчунин якчанд маротиба ба идораи Ҷамоат омада, оиди бақайдгирии вакилони Ҷамоат аз раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳрак №6 Нозимов Эмомалӣ пурсон шудааст, вале Нозимов Эмомалӣ ба ӯ ҷавоб додааст, ки ҳоло рӯйхат дар дасти раиси Ҷамоат мебошад ва то ҳол вай аз рӯйхати вакилони Ҷамоат огоҳ намебошад ва ба охирон ягон ҳуҷҷат оиди интихоби вакилони Ҷамоат пешниҳод карда нашудааст.
Ӯ санаи 14-02-2020-ум сол аз рухсатии меҳнатӣ баргашта, барои ба қайд гирифтани номзадиаш дар ҳавзаи интихоботии №6 оид ба интихоби вакилони Ҷамоати шаҳраки Фархор ба Комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳрак №6 бо ариза муроҷиат кардааст, вале раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботии шаҳрак Нозимов Эмомалӣ ҳуҷҷатҳои ӯро қабул накарда, ба ӯ гуфтааст, ки дар ҳавзаҳои шаҳрак ба номи раиси Комиссияи ҳавзаи интихоботӣ буда, ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ вобаста ба интихобот дар ихтиёри раиси Ҷамоат Раҳимзода В. мебошад.
Аз суд хоҳиш намудааст, ки аризааш қонеъ карда шуда, Комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор уҳдадор карда шавад, ки аризаи ӯро дар бораи бақайдгирии номзадиаш ба вакили Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор фавран баррасӣ намуда, дар бораи ба қайд гирифтани номзад ва ё рад намудани бақайдгирии номзад қарор қабул намояд.
Аризадиҳанда Раҷабов Парвиз Сабзаалиевич дар маҷлиси судӣ бо мазмуни аризааш баёнот дода, аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи ӯ қонеъ карда шавад.
Дар маҷлиси судӣ Раиси Комиссияи интихоботии ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳияи Фархор - Нозимов Эмомалӣ Талабович аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С.-ро қисман эътироф намуда, баёнот дод, ки ӯ аризадиҳандаро мешиносад ва бо ҳамроҳии ӯ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор кору фаъолият мекунад. Аризадиҳанда Раҷабов П.С. ба ҳайси муовини раиси Ҷамоати щаҳраки Фархор шуда кор мекунад. Ӯ қайд мекунад, ки бо қарори раиси Ҷамоати шаҳраки Фархор аз 10.12.2019 сол таҳти № 123 ҳамчун Раиси комиссияи интихоботии Ҷамоати шаҳраки Фархор таъин шудааст.
Вобаста ба аризаи Раҷабов П.С. баён намуд, ки дар ҳақиқат аризадиҳанда Раҷабов П.С. санаи 20-уми феврали соли 2020-ум ба унвонии Комиссияи ҳавзаи интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор бо аризаи расмӣ муроҷиат намуда, қайд кардааст, ки ӯро барои ба овоз мондани номзадиаш дар ҳавзаи интихоботии № 6 оид ба интихоботи вакилони Ҷамоати шаҳраки Фархор розигӣ диҳад. Ӯ бо ҳуҷҷатҳои аризадиҳанда шинос шуда, ҳуҷчатҳои аризадиҳандаро ба ӯ баргардонида додааст.
Баъдан бо сабаби он, ки муҳлати қабули ариза вобаста ба овоз мондани номзадиаш дар ҳавзаи интихоботии № 6 оид ба интихоботи вакилони Ҷамоати шаҳраки Фархор гузашта будааст, аризаи Раҷабов П.С.-ро қабул накардаанд. Дар ҳакиқат онҳо аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С.-ро бе қабули қарори дахлдори Комиссияи интихоботии Ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳияи Фархор аз қабул рад кардаанд. Аз суд хоҳиш намудааст, ки аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С. қисман қаноат карда шавад.
Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор-Ғафорзода М. дар маҷлиси судӣ баён кард, ки ӯ ҳамчун сармутахасси-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси ноҳияи Фархор шуда кор мекунад. Ӯ аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С.-ро пурра эътироф намуда, вобаста ба он қайд кард, ки Раҷабов П.С. дар санаи 14.12.2019 ба унвонии Комиссияи ҳавзаи интихоботии № 6 Ҷамоати шаҳраки Фархор бо аризаи расмӣ муроҷиат намуда, қайд кардааст, ки ӯро барои ба овоз мондани номзадиаш дар ҳавзаи интихоботии № 6 оид ба интихоботи вакилони Ҷамоати шаҳраки Фархор муроҷиат намудааст. Вале аз ҷониби Комиссияи ҳавзаи интихоботии № 6 Ҷамоати шаҳраки Фархор ғайриқонунӣ ва бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилии Ҷамоат амал намуда, аризаи Раҷабов П.С.-ро бе қабули қарори дахлдори Комиссияи интихоботӣ рад намуда, қабул накардаанд. Ӯ ин ҳолатро бархилофи талаботи қонун мешуморад. Аз суд хоҳиш намуд, ки аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С. тибқи талаботи қонун баррасӣ ва ҳал карда шавад.
Суд маводи парвандаро омӯхта, баёноти тарафҳоро шунида, хулосаи прокурорро, ки қонеъ намудани аризаи Раҷабов П.С-ро аз суд пурсид ва дигар ҳуҷҷатҳои дар ариза мавҷуд бударо санҷида, ҳолатҳои воқеии парвандаро муқаррар намуда, ба чунин хулоса омад.
Тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи макомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» номзадҳо ба вакили Ҷамоат ба таври худпешбарӣ бо ҷамъ намудани имзоҳои на камтар аз панҷ фоизи интихобкунандагони ҳавзаи дахлдор сурат мегирад.
Пешбарии номзадҳо 25-рӯз пеш аз интихобот cap шуда, 15-рӯз пеш аз овоздиҳӣ ба охир мерасад.
Тавре дар маҷлиси судӣ аз ариза ва маводи пешниҳодгардида, инчунин баёноти аризадиҳанда муайян карда шуд, ки аризадиҳанда Раҷабов П.С. ҳуҷҷатҳояшро дар бораи ба қайд гирифтани номзадиаш ба вакили Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор ба раиси Комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор, рӯзи 14-02-2020-ум сол пешниҳод намуда, аз ҷониби раиси комиссияи интихоботи ариза ва ҳуҷчатҳои аризадиҳанда Раҷабов П.С.-ро омӯхта, бе қабули қарори дахлдори комиссияи ҳавзавии интихоботии дар бораи рад ё қабул намудан ариза ба аризадиҳанда баргардонида дода шудааст.
Тибқи талаботи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», комиссия ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо дар муҳлати панҷ рӯз санҷида, дар бораи ба қайд гирифтани номзад ё рад намудани бақайдгирии номзад қарор қабул мекунад.
Бақайдгирии номзадҳо панҷ рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ ба охир мерасад.
Раиси Комиссияи интихоботии Ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳияи Фархор Нозимов Э.Т. бархилофи талаботи қонуни номбурда амал намуда, аризаи Рачабов П.С.-ро ғайриқонунӣ ва бе қабули қарори дахлдори комиссия аз қабул намудан рад кардааст.
Ваҷҳи Раиси Комиссияи интихоботии Ҷамоати шаҳраки Фархор ноҳияи Фархор Нозимов Э.Т. дар бораи он, ки аризадиҳанда Раҷабов П.С. ариза ва ҳуҷҷатҳояшро баъди гузаштани муҳлати супоридани ариза ба унвонии комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор пешниҳод намудааст, суд ин ваҷҳи раиси комиссияро қобили қабул намешуморад ва бо асосу далелҳои бе баҳси дар маҷлиси судӣ бадастовардашуда ва баёнотҳои додаи намояндаҳои мақомотҳои давлатӣ рад менамояд.
Аз ин рӯ суд ба хулоса омад, ки аризаи Раҷабов П.С.-ро дар бораи беамалии комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор қонеъ карда шавад ва комиссияи ҳавзавии интихоботии № 6 Ҷамоати шаҳраки Фархор уҳдадор карда шавад, ки аризаи аризадиҳанда Раҷабов П.С.-ро дар бораи бақайдгирии номзадаш ба вакили Ҷамоати шаҳраки Фархор фавран баррасӣ намуда, дар бораи ба қайд гирифтани номзад ва ё рад намудани бақайдгирии номзад қарор қабул намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 198-203, 208, 210, 215, 262 ва 263 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд,-

Ҳ А Л    К А Р Д:

Аризаи Раҷабов Парвиз Сабзаалиевич аз беамалии Комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор қонеъ карда шавад.
Комиссияи ҳавзавии интихоботии №6 Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор уҳдадор карда шавад, ки аризаи Раҷабов Парвиз Сабзаалиевичро дар бораи бақайдгирии номзадаш ба вакили Ҷамоати шаҳраки Фархор, ноҳияи Фархор фавран баррасӣ намуда, дар бораи ба қайд гирифтани номзад ва ё рад намудани бақайдгирии номзад қарор қабул намояд.
Ҳалнома фавран ба иҷро расонида шавад.
Нисбати ҳалномаи мазкур дар муддати як моҳ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании суди вилояти Хатлон тавассути ҳамин суд шикоят ва эътирози кассатсионӣ овардан мумкин аст.

Раисикунанда                                                                                                                           Раҳимзода З.С.

Бозгашт ба рӯйхат