Санаи 25 октябри соли 2025 дар муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Суди конститутсионӣ, Конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Таҳкими арзишҳои конститутсионӣ ва таъмини волоияти конститутсия – заминаи рушди босуботи давлат» баргузор гардид.
Дар кори Конфронс Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Мирзозода Р.П. бо сухани ифтитоҳи ва табрикотӣ, инчунин, судяи Суди Олӣ Шарифзода И.Ш. бо маъруза иштирок намуданд.
Ин чорабинии муҳими сатҳи баланд бо ташаббуси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ аз ҷумла, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, судӣ, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни Конфронс бо маърузаҳои пурмуҳтаво дар мавзӯъҳои “Нақши Конститутсия дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон”, “Давлати ҳуқуқбунёд ва назорати конститутсионӣ”, “Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон – кафили таъмини волоияти Конститутсия”, “Асосҳои конститутсионӣ-ҳуқуқии таъмини амнияти миллии Тоҷикистон”, “Конститутсионализм, идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ” “Конститутсия ва рушди мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Нақши Суди конститутсионӣ дар ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии инсон ва дигар масъалаҳои рӯзмарра” баромад карданд, ки ба таҳлили амиқи нақши Конститутсия дар ҳаёти кишвар бахшида шуда буданд.
Конфронс як майдони муҳими илмӣ-амалӣ гардид, ки аҳамияти меҳварии Конститутсияро ҳамчун санади олии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон тасдиқ намуд.





.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
