«ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ»

Парчами давлатӣ - ҳамчун рамзи давлати тозабунёди соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишони садоқат, худшиносӣ, сарҷамъӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории ҳар як сокини кишвар маҳсуб ёфта, ҳувияти миллиро таҷассум мекунад.
 Парчами миллӣ 24 ноябри соли 1992  дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрезӣ ва қабул гардидааст, ки ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзиши бебаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, таҷассумгари гузашта ва ояндаи дурахшони аҳолии ватани азизу маҳбубамон ба ҳисоб меравад. 
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ буда, дар он тасвири рангҳои:
 рушани сурх - рамзи мубориза, фидокории халқ барои озодӣ ва истиқлолият;
 сафед  -  рамзи бахту саодат, орзую умед;
 сабз - рамзи шукуфоӣ, сарбаландӣ ва абадият мебошад.
Дар Парчам инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора - нишонаи решаҳои таърихии давлатдории давлати комилан тозабунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли тоҷикон аст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз Дирафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвари тозабунёди соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.
Тибқи талаботи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиби афрохтани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар ҷойҳои зайл ба таври доимӣ афрохта мешавад:
 дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва биноҳои тамоми идораҳои давлативу маъмурӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, иншооти варзиш, ҳуҷраҳои корӣ ва ғайраҳо.
Ҳамзамон дар асоси моддаи 134-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар болои бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар толору ҳуҷраҳои кории судяҳо Парчам ва тавсири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд. 
Дар раванди гуфтаҳои боло бо ифтихор мебоист қайд намуд, ки  имрӯз  парчами давлатӣ ба ғайр аз ҷойҳое, ки қонун афрохтани онро муайян намудааст, чун рамзи давлатдории навини тозаистиқлоли давлати тоҷикон дар хонаҳои истиқоматӣ низ афрохта мешаванд, ки ин аз дорои фарҳанг, маданияти воло ва ҳисси миллии ватандустии халқи тамаддунофари тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст»,  ки ҳар кадоми онҳо дар тарбияи ватандӯстӣ ва ҳисси миллӣ нақши муҳиму сазовор доранд.
Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ рамзи муқаддаси миллату давлат буда, дар баробари Нишон, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои ҳамватанони бурунмарзӣ низ азизу гиромӣ махсуб ёфта, боиси ифтихору шодӣ мебошанд. Ба хусус ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле ҳам ғурур ва ҳисси миллиро то андозае баланд мебардоранд, ки аз чунин ифтихорот дар чашмҳо ашки шодӣ ҳалқа мезанад.
Дидан, шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ (тоҷикӣ, модарӣ), Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебои меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва миллатдӯстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар, махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон боз ҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд.
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, боиси хушнудист, ки  бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»” аз 19 ноябри соли 2009 аҳолии кишвар ҳамасола  24 ноябрро таҳти роҳбарии Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ - ҷашни умумимиллӣ бо ифтихор аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ бо ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ ҷашн мегиранд.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Ҳамин тариқ, қобил ба зикр аст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.
Нишон – ҳамчун аломати расмии фарқкунандаи рамзи давлатӣ буда, он дар шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, бланкаҳои расмӣ, мӯҳри мақомоти давлатӣ, дар асъори миллӣ, қоғазҳои қимматнок ва ғайраҳо таҷассум гардидааст.
Суруди миллӣ бошад, ҳамчун рамзи давлатӣ аз матн ва оҳанг иборат буда, баъди савганд ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шурӯи вазифа, дар оғозу анҷоми ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои маҷлисҳои вакилони ҳалқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ, дигар ҷашнҳое, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иди умумихалқӣ эълон шудаанд ва дар дигар мавридҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо ҳисси ифтихор аз ватандорию истиқлолият ва соҳибдавлатӣ иҷро карда мешавад.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзҳои ҳокимияти давлатӣ муқаддасу гиромӣ буда, таҳқир кардани онҳо, ки бо усули дилхоҳ, аз ҷумла дарондан, ифода намудани ҳар гуна навиштаҷотҳо ва сурату аксҳои таҳқиромез ва ғайраҳо анҷом дода шудаанд, ё қасдан нобуд гардонида шудаанд, ҳамчун ҳаракату кирдорҳои фаъолонаи ҷиноятӣ, оқибати ҷавобгарӣ ва ҷазои ҷиноятиро ба миён меоранд. Аз ин рӯ, қонунгузор барои содир намудани чунин кирдорҳо дар моддаи 342-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро муқаррар намудааст, ки объекти он обрӯ ва эътибори давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии сарвари хирадманди он - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, дар бинои Созмони миллали муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол иттилоъ медиҳад.
Боиси ифтихори воқеъии мост, ки 30 августи соли 2011 дар пойтахти ватани азизу маҳбубамон воқеаъи фараҳбахше рух дод, ки барои кулли сокинони кишвар мояи ифтихор гардид. Бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баландии 165 метр парафшон гардид, ки ин парчам дар шумули баландтарин ливо дар ҷаҳон ба китоби рекордҳои Гиннес дохил гардид. 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худашон, бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд, ки “Имруз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд, бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба масҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва махсусан, наврасону чавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.
Дар раванди гуфтаҳои боло ҳамзамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуданд, ки “Ба хотири  арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ва тақвияти ҳисси милливу ифтихори ватандории сокинони кишвар, пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон солҳои охир дар маркази вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин шаҳраку деҳоти мамлакат даҳҳо майдону гулгашти Парчам бунёд гардида ҳоло дар онҳо ин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон парафшонӣ мекунад”.
Мавриди зикр аст, ки дилхоҳ давлат барои муваффақиятҳо ва рамзи пойдории худ, арзишҳои миллии худро пос медорад ва эътироф менамояд. Вале парчамдор будани мардуми тоҷик зи дурии замонаҳо ба мо мерос мондааст. Дар ин хусус, сатрҳои суруди миллиро низ мисол овардан ба маврид аст, ки чунин аст: “Зи дурии замонаҳо расидаем, ба зери Парчами ту саф кашидаем”. Садо додани чунин сатрҳо маънои баланди таърихӣ дорад, ки барои ҳар як фарди бедордил хотираи пур аз ифтихори таърихиро ҳамчун ойини анъанаҳои деринаи миллати тоҷик бедор месозад.
Аз ин рӯ, мо бояд дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ  ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидиву ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва рӯҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ гузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватани азизу маҳбубамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем. 

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

20251120_085811 (2).png

Абдуллозода Ф.Ф.
Мутахассиси пешбари Раёсати
муносибатҳои байнамилалӣ ва
мураттабсозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ



Бозгашт ба рӯйхат