ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз 21 ноябри соли 2025, дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавии бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд.

Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.37.42_ced8411e.jpg

Дар оғози ҷамъомад муовинони Раиси Суди Олӣ дар суханронии худ таъкид намуданд, ки Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, эҳтиром ба он эҳтиром ба давлат, миллат ва арзишҳои миллӣ мебошад.

Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.38.49_f53a8187.jpg Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.38.15_eaa6da2a.jpg Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.38.40_6ee7d719.jpg

Зикр гардид, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари таърихи куҳан, фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои миллии халқи Тоҷик буда, кормандони ҳокимияти судӣ, бахусус ҷавонон бояд ба он бо эҳсоси ифтихор ва масъулияти баланд муносибат намоянд.

Кормандони Суди Олӣ дар баромадҳои худ нақш ва аҳамияти Парчами давлатиро ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.

Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.41.06_8a1c21a0.jpg Изображение WhatsApp 2025-11-21 в 17.41.29_4e2b9526.jpg

Чорабинӣ дар фазои идона ва бо эҳтиром ба рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.

 


Бозгашт ба рӯйхат