НАҚШИ ПАРЧАМ ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ МИЛЛӢ.

Парчами Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ва аломатҳои асосии муқадасоти миллӣ буда, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷики ватандӯсти бонангу номус мебошад.

Дар таърихи қадим рамзҳои парчам ба рамзи пирузӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе, ки ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқадас медонист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораҳои чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадаст.

Дар тӯли таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла «Байрақ» «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дурафш», ва ғайраҳо ном мебаранд, аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он бо мафҳуми зебои тоҷикӣ «Парчам» сабт шудааст. Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ муқадасу шариф буда, баробари Нишон, Суруди Миллӣ ва Забони давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор мебошад.

Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Итиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои итиҳод, аз ҷумла Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои итиҳод давлатҳои соҳибистиқлолу озод гаштанд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.

Сарвари давлат дар барқарорсозии низоми нави давлатдорӣ ва қабули қонуну қарорҳо ва рамзҳои милию давлатӣ иштироки бевосита ва ҳалкунанда дошта, ҳаёти эшон оғуштаи он давлатсозиҳо буду ҳаст. Оғоз намудани давлатдории навини тоҷикон бо бӯсидану ба дидаҳо молидани парчам ва арҷ гузоштан ба он басо рамзӣ буда, баёнгари он аст, ки ин рамзи нахустини миллӣ дар назди Сарвари давлат мақоми ниҳоят бузург дорад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, парчам таҷасумгари таърихи куҳан, фарҳанги баланд, анъана ва урфу одатҳои мардуми тоҷик мебошад.

Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрӯю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, онҳо на танҳо барои сокинони кишвар азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошад.

Рангҳои парчам тасодуфан интихоб нашудаанд. Ҳар яки онҳо маънои амиқ доранд:

1.               ранги сурх- рамзи ҷонисориҳои миллат барои озодӣ,

2.               ранги сафед-бахту иқболи сафед, сулҳ ва оромӣ,

3.               ранги сабз сарсабзии кишвар мебошад.

Бо дидан шунидан ва мушоҳида намудани акс ва калимаю ибораҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Ҷумҳурии Тоҷикистон касро ҳисси зебои меҳанпарастию ифтихор аз Ватану Ватандорӣ ва милатдӯстӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарму навозишпарвар махсусан дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон боз ҳам фараҳбахшу гуворо чун Парчами давлатӣ ба ҷилва меоянд.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияти давлатию миллӣ, халқу миллати Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муарифӣ намуда, аз Тоҷикистони соҳибистиқлол итилоъ медиҳад.

Бигузор парчами Тоҷикистон ҳамеша баланду парафшон бошад ва тавре дар Суруди миллии мо ишора мешавад, ба зери он мо саф кашида бошем ва дар сояи он, мо шаҳрвандони Тоҷикистон барои ояндаи неку ҷовидони Ватани аҷдодии худ саъю кӯшиш намоем.

aiease_1763984853374.jpg

Ёрдамчии судяи Суди Олӣ                 

Расулзода Маҳина Расул



Бозгашт ба рӯйхат