ВУСЪАТ БАХШИДАНИ ҲАМКОРИҲО БО САҲА

Санаи 24 ноябри соли ҷорӣ дар Суди Олӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндагони Суди Олӣ бо иҷрокуннандаи вазифаи Роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе хонум Татяна Тсуркан ва ҳайати ҳамроҳонаш баргузор гардид.

Изображение WhatsApp 2025-11-26 в 19.05.30_bff37fb4.jpg

Мақсади мулоқот аз баррасии масъалаҳои тақвият бахшидан ба нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ, пешбурди баробарии гендерӣ, рушди иштироки занон дар раванди қабули қарорҳо ва мубориза бо ҳама гуна шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон иборат буд.

Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки фаъолияти занон-судяҳо дар ҳокимияти судӣ барои таҳкими қонуният, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва рушди низоми судии кишвар аҳамияти бузург дорад. Зикр шуд, ки таҷрибаи судии кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон, баррасии парвандаҳои судӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ дар оила қобили таваҷҷуҳ мебошад.

Изображение WhatsApp 2025-11-26 в 19.05.30_2ff0d7db.jpg

Меҳмонон таваҷҷуҳи худро ба санадҳои қонунгузории амалкунанда, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи занон, таҷрибаи мурофиавии мурофиаҳои судӣ, инчунин, ба нақши занон дар мансабҳои роҳбарикунанда дар мақомоти судӣ изҳор намуданд.

Ҷонибҳо омодагии худро барои вусъат бахшидан ба идомаи ҳамкорӣ баён намуданд.

 


Бозгашт ба рӯйхат