Имрӯз 27 ноябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе ҳамоиши миллӣ таҳти унвони “Ҳисоботи рушди инсоният” баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи ҳокимияти судӣ, судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аланазарзода Шароф иштирок намуд.
Чорабинии мазкур ба матраҳ намудани масоили марбут ба нақши зеҳни сунъӣ ва рақамикунонии соҳаҳои мухталифи ҳаёт баҳри рушди фарогир равона гардида дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, шарикони рушд, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва ҷавонон доир ба масъалаҳои самараи зеҳни сунъӣ ва хавфҳои воридсозии он, мавриди муколамаи ҳозирин қарор доданд.

Дар давраи ҷаҳонишавии зеҳни сунъӣ масъалаи интихоб ба раванди фарогирии он мубрам арзёбӣ гардид, зеро зеҳни сунъӣ аз ҳудуди технология фарох буда, ба ҳуқуқи инсон ва тартиби пешбурди ҳаёти рӯзмара таъсирбахш мебошад.

.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
