Имрӯз, 28 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе чорабинии миллӣ оид ба тартиби баргузории мурофиаи судӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Данғара, Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев, Донишгоҳи Давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи Славянии Руссияву Тоҷикистон, Донишгоҳи Милли Тоҷикистон ва Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардид.
Ҷиҳати арзёбӣ намудани озмуни миллии намоиши мурофиаи судӣ, судяҳои Суди Олӣ Аланазарзода Шароф, Мирзозода Мавлуда Зайнӣ ва Бобозода Матин Давлат ба сифати доварон иштирок намуданд.
Дар чорабинии мазкур донишҷӯён бо парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ба шавҳар додани духтари ба синни никоҳ нарасида мурофиаи судӣ гузаронда, дар раванди он ба сифати иштирокдорони мурофиа ширкат варзида, доир ба тартиби гузаронидани мурофиаи судӣ дониш, малака ва таҷрибаи худро ғанӣ гардониданд.
Судяҳои Суди Олӣ натиҷаҳои озмунро баҳогузорӣ намуда бо донишҷӯён муҳокимаи озодро ба роҳ монда, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд.
Дар фарҷоми чорабини ба ғолибони озмун аз рӯйи номинатсияҳои гуногун сертификату тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
