Рӯзи 28 ноябр дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон таҳти унвони «Муаррифии Роҳнамо оид ба ҷамъоварии маълумот ва омода намудани гузориши солона дар самти муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа Раиси Комиссия муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода, намояндагони шуъбаи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), судяҳои Суди Олӣ Қурбониён Сафаралӣ Алихон ва Давлатзода Исмоил Раҳим, Директори маркази таълими судяҳои назди Суди Олӣ Завқизода Солеҳ Амин, намояндаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар Тоҷикистон, инчунин дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу идораҳои давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Чорабиниро Абдураҳмон Аламшозода ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки таҳкими фаъолияти ҳамоҳангсозона дар самти мубориза бо савдои одамон, бартарафсозии омилҳои монеасоз ва таҳкими нуфузи давлатӣ ҳадафи асосии Комиссия мебошад.
Дар ҷаласа мавзӯъҳои калидӣ, аз ҷумла аҳамияти ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ, талаботи асосӣ барои пешниҳоди маълумот дар ҳисоботҳои байналмилалӣ ва мазмуну вазифаи «Дастурамал оид ба ҷамъоварии маълумот дар соҳаи муқовимат ба савдои одамон» мавриди баррасӣ ва муаррифӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён бо пешниҳоду тавсияҳои амалӣ ҷиҳати беҳсозии фаъолияти Комиссия ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳои муқовимат ба савдои одамон баромад намуданд.
.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
