ШАМСИДДИН ШОҲИН

Шамсиддин Муҳаммад махдуми Шоҳин соли 1859 дар шаҳри Бухоро, дар оилаи мулло Амони Хатлонӣ таввалуд шудааст. Мулло Амони Хатлонӣ дар овони ҷавонӣ барои илмомӯзӣ ба Самарқанд омада, баъди ду соли таҳсил азми Бухоро намуда, дар ин маркази илмию адабии Мовароуннаҳр мадрасаро хатм мекунад. Пас аз хатми мадраса Мулло Амон чанд муддат дар яке аз мадрасаҳои Бухоро мударрисӣ ҳам кардааст.
Шамсиддини Шоҳин ҳанӯз аз бачагӣ дар хондану навиштан қобилияти фавқулодда дошт. Ӯ ҳангоми мактабхонӣ тахминан дар ҳашт ё нуҳсолагӣ ба шеър гуфтан шурӯъ кардааст. Инчунин, ӯ дар хушнависӣ маҳорати том дошта, баъди хатми мактаб падараш ин ҳунари Шоҳинро дида, вайро пешаи мирзоӣ меомӯзонад. Хаттотон нозукиҳои ин пешаро ба Шоҳин ёд медиҳанд. Ӯ тӯли ду-се соли шогирдӣ тарзи хатнависи ва иншоро хуб ёд мегирад. Баъдтар дар синни 15-16 солагӣ Шоҳин барои таҳсили илм ба мадраса дохил шуда, байни устодон ва ҳамсабақон истеъдод ва қобилияти баланде зоҳир мекунад.
Баъди хатми мадраса Шамсиддин Шоҳин, ғайр аз он ки вазифаи мирзоиро адо мекард, ба фаъолияти эҷодӣ пардохт ва дар дарбори амир Абдулаҳад обрӯю эътибор пайдо кард.
Шоҳин нимаҳои аввали солҳои навадуми асри XIX ба дарбор бештар ҷалб карда шуд. Амир Шоҳинро дар ҳар як сафари дуру наздики хеш ҳамроҳ мебурд. Дар ин вақтҳо дар авзои шоир аломатҳои беморӣ намудор мешаванд. Соли 1894 ҳангоми сафар дар Қаршӣ Шоҳин аз олам чашм пӯшид
Омӯзиши эҷодиёти Шамсиддини Шоҳин барои муайян кардани ҳаракати адабию афкори пешқадамонаи охири асри XIX, ки сарвари бузурги он Аҳмади Дониш аст, аҳамияти хеле калон дорад. Шоҳин дар адабиёти бадеӣ давомдиҳандаи хубтарин анъанаҳои адабиёти классикӣ буда, дар асарҳои худ идеяҳои адолатпарварӣ, инсондӯстӣ, озодихоҳӣ ва идеяи пешқадами замонааш - маорифпарвариро ифода намудааст.
Ӯ ҳарчанд умри кӯтоҳ дида бошад ҳам, мероси хеле бой ва гаронбаҳое аз худ боқӣ гузошт. Мероси ӯ аз девони ғазалиёт, маснавии "Лайлӣ ва Маҷнун", маснавии нотамоми "Тӯҳфаи дӯстон", рисолаи "Бадоеъ-ус-саноеъ" иборат аст. Хидмати Шоҳин ҳамчун ифодакунандаи ғояву афкори пешқадам дар назми нимаи дуюми асри XIX-и тоҷик бағоят калон аст. Ӯ замон ва аҳли он, нуқсонҳои ҷиддии ҷамъият, ҷаҳолат ва бенизомии умури мамлакатро танқид кардааст.
Барои гиромидошти хотири адиб, шоир, маорифпарвари бузурги халқи тоҷик бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин номгузорӣ карда шудааст.


Бозгашт ба рӯйхат