МУАРРИФИИ КАДРҲОИ НАВТАЪИНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Рӯзи 4 марти соли 2024 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигарон муаррифии кадрҳои навтаъин баргузор гардид.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 феврали соли 2024, №755 «Дар бораи озод ва таъин намудани судяҳо» Ҳоҷизода Мирзошариф Мирзораҳмат ба вазифаи раиси Суди вилояти Суғд ва Аҳмадзода Акрам ба вазифаи раиси суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд таъин гардиданд.
Зимни муаррифӣ бо ёдоварӣ аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъин ҷиҳати баррасии саривақтии парвандаҳои судӣ, баррасии арзу шикоятҳои шаҳрвандон, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун супоришҳо дода шуд.

Бозгашт ба рӯйхат