БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР

Имрӯз 07 марти соли 2024 дар Суди Олӣ маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҷлил гардид, ки дар он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ иштирок намуданд.

Ҷамъомадро муовини якуми Раиси Суди Олӣ Лутфуллозода Шавкат ҳусни оғоз бахшида, занон – бонувонро ба муносибати Рӯзи Модар аз номи роҳбарияти Суди Олӣ табрик гуфта, ба онҳо саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори ободу осуда таманно намуданд.
Қайд гардид, ки ҷашни фархундаву муқаддас Рӯзи Модар дар оғози фасли зебои сол, яъне баҳори хуррам ва эҳёи табиат, инчунин дар остонаи фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи Аҷам рост меояд.
Ин санаи муҳим дар фазои сулҳу суботи кишвар бо муҳаббату ифтихормандӣ ва изҳори табрикоту ниятҳои нек нисбат ба модарону бонувон пешвоз гирифта мешавад.
Модар офарандаи ҳаёт, тарбиятгари наслҳо, ҳидоятгари наврасону ҷавонон буда, мақоми ӯ дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат бахусус тоҷикон хеле баланд аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ иброз доштаанд, ки: «Нақш ва мақоми Зан - Модар дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки нобиғаҳои олам дар назди зан сари таъзим фуруд овардаанд ва таъкид кардаанд, ки Зан - Модар офарандаи ҳаёт, эҳёгари зиндагӣ ва илҳомбахши рӯзгори мо мебошад».
Идомаи ин эҳтирому бузургдошти шахсияти Зан - Модар аз ҷониби Пешвои миллат дар он зоҳир мегардад, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8 март дар ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад. Ин тадбир имконият фароҳам меорад, ки мо иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё намоем ва бо ифтихор собит созем, ки ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми Зан - Модарро пос медорем. Зеро модари тоҷик фарзандони фарзонаеро мисли Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва ҳазорон номбардори миллатро ба дунё овардааст, ки мояи ифтихори мо - тоҷикон аст.
Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба мақому манзалати баланд соҳиб гаштани онҳо мебошад.
Имрӯз барои фаъолгардонии нақши занон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳамаи омилҳо ва шароити иҷтимоиву фарҳангӣ ва иқтисодиву сиёсӣ фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамаи ин тадбирҳо дар маҷмӯъ нуфузу эътибори занону модаронро дар ҷомеа баланд намуда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз лиҳози намояндагии занону бонувон дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон мустаҳкам менамоянд.
Хушбахтона дар ҷавоб ба ин дастгирию ғамхориҳо, занону бонувон дар соҳаҳои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодии кишварамон, фаъолона ширкат варзида, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас, беҳдошти вазъи иқтисодии оилаҳо ва умуман барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми босазо гузошта истодаанд.
Аз ҷумла, занону бонувони мақомоти судӣ низ бо меҳнати поку софдилона ва риояи одоби касбӣ фаъолияташонро дар роҳи пурмасъули баамалбарории адолати судӣ идома дода истодаанд.
Дар робита ба ин, қайд карда шуд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ бармеоянд, роҳбарияти Суди Олӣ тасмим гирифтааст, ки барои ҳарчӣ бештар дар мақомоти судӣ ҷалб намудани занону бонувони болаёқат, донишманд, ботаҷриба ва ташаббускор тадбирҳои таъхирнопазир андешида, шумораи занону бонувонро дар мақомоти судӣ зиёд намояд.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби роҳбарияти Суди Олӣ занон - бонувони Суди Олӣ бо мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат