БАРГУЗОРИИ ОМӮЗИШ

Рӯзҳои 25-28 апрели соли 2023 аз ҷониби Суди Олӣ дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) бо ҷалби судяҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар мавзӯи “Методикаи оғоз намудан, омодасозӣ ба муҳокимаи судӣ ва таҳияи ҳалномаи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар мурофиаи даъвогӣ” омӯзиш баргузор гардид.
Ҳадафи омӯзиши мазкур такмили малакаи судяҳо ҷиҳати омодасозии парвандаҳо ва таҳияи босифати санадҳои судӣ ба ҳисоб меравад.
Дар кори омӯзиш судяҳои Суди Олӣ Пӯлодӣ М.К. ва Аланазарзода Ш. ва коршинос -роҳбари Барномаи минтақавии GIZ Александр Тенасэ ва дигарон иштирок намуданд.

Бозгашт ба рӯйхат