Баргузории семинари IV-уми минтақавӣ барои судяҳо вобаста ба парвандаҳои маъмурӣ

Рӯзҳои 14-16-уми майи соли 2023 тибқи барномаи минтақавии “Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон” GIZ дар якҷоягӣ бо Суди Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд, семинари IV-уми минтақавӣ барои судяҳо вобаста ба парвандаҳои маъмурӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур дар баробари судяҳои кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағозода А.С. ва Аланазарзода Ш. низ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар семинари зикргардида коршиносон, экспертҳои хориҷӣ, роҳбари лоиҳаи GIZ Йорг Пуделка ва дигар олимони шинохта бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Семинар ба муҳимтарин самтҳои асосии рушди минбаъдаи адлияи маъмурӣ бахшида шуда, намояндагон аз Судҳои Олии кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи ҳуқуқи маъмурӣ дар низоми ҳуқуқи муосир ва инчунин қадамҳои асосӣ оид ба такмили минбаъдаи қонунгузорӣ дар бораи расмиёти маъмурӣ ва мурофиаи маъмуриро муҳокима намуданд.

изображение_viber_2023-05-18_15-48-24-548.jpg

Бозгашт ба рӯйхат