БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРӢ

Рӯзи 26 майи соли 2023 тибқи нақшаи тасдиқшудаи баргузории чорабиниҳои Суди Олӣ дар маҷлисгоҳи Суди Олӣ бо иштироки судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, судҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, судҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, суди ҳарбии гарнизони Душанбе, машғулияти семинарӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ устодони факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ғаюрзода Ш. ва Хоҷамуродов Д. оид ба навгониҳои қонунгузории маданӣ ва манзил маърӯза намуданд.
Ҳамзамон дар семинар судяҳои суди ноҳияи Сино - Шарифзода С. суди ноҳияи И.Сомонӣ - Исмонзода И., суди ноҳияи Шоҳмансур - Муродзода А.А., суди шаҳри Ҳисор - Саидзода М. дар мавзӯъҳои «Баррасии баҳсҳои гражданӣ вобаста ба расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ», «Хусусиятҳои хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр ё тариқи кредит додашуда», «Назорати иҷрои санадҳои судӣ», «Баррасии парвандаҳо оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Омӯзиши бобҳои алоҳидаи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
0-02-0b-b40f937ea4001357e44bd7ca153546b22108f9f7a27ef7f6315f2a2db4fe478a_3683362707d23514.jpg

Бозгашт ба рӯйхат