МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Имрӯз, 24 ноябри соли 2023 дар Суди Олӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён оғоз карда, қайд намуданд, ки тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар қатори дигар масъалаҳои муҳимтарин ҳамчунин нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул карда шуд.
IMG_4934.JPGҚабули ин рамзи давлатӣ дар вазъияти ниҳоят мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик руҳу тавони тоза бахшида, қувваҳои солими ҷомеаро атрофи фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри талош ба сулҳу субот, созандагӣ ва соҳибдавлатӣ муттаҳид сохт.
Маҳз бо қабули Парчами давлатӣ оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар мамлакат хомӯш гардида, сохтори конститутсионӣ барқарор ва қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар таъмин карда шуд.
Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири рушду камол ва ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Қабули Парчами давлатӣ ба идома додани анъанаи парчамдории миллати тоҷик асос гузошт.
Парчами давлатӣ – рамзи соҳибистиқлолии Ватан ва дӯстиву бародарии ҳар як сокини мамлакати мо буда, шаҳрвандонро ба зиндагии оромона, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, пешрафти кишвар ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Имрӯзҳо Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол болои сари миллати тамаддунофари тоҷик партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз истиқлолияту соҳибдавлатӣ Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар радифи парчамҳои дигар давлатҳо дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ парафшонӣ менамояд.
Солҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ ба хотири гиромидошти рамзҳои давлатӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд. Махсусан бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе сутунпояи бузурги Парчам ифтитоҳ гардид, ки дар он Парчами давлатӣ бо баландии 165 метр қомат афрохта, мавзеи ҷойгиршавии он «Майдони Парчами давлатӣ» номгузорӣ гардидаст.
Ҳамин тариқ, Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон, рамзи мустақилияти давлат, ҳаёти осоишта, ваҳдати ҷовидона ва умед ба фардои ободу осуда буда, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба он қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди кишварамон дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён дар мавзӯҳои «Аз дирафши Ковиён то Парчами Тоҷикистони соҳибихтиёр», «Парчами давлатӣ рамзи давлатдории миллист», «Парчам ҳамчун муқаддасоти миллии давлатдорӣ» ва «Моҳияти ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърўзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.IMG_4979.JPG
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки миллати тоҷик аз азал миллати парчамдор буда, дар сояи ин парчам сарҷамъ шуда, марҳилаи душвори таърихиро сарбаландона паси сар намудаанд.
Имрӯз парафшонии Парчами давлатӣ мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва ибрози саодату садоқати сокинон ба Ватан – Модар гардида, моро ба сӯи музаффарияту дастовардҳои навин ҳидоят менамояд.   
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон дар бораи Парчам қайд намудаанд: «Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар ҳақиқат муқаддас будани Парчам аз он иборат аст, ки ҳисси ҳимояи он дар қалби ҳар як соҳибватан ба он андозае мебошад, ки шахс қодир аст худро қурбон намояд аммо нагузорад, ки парафшонии парчам халалдор гардад. Чунки парчам рамзи озодӣ, истиқлолияти комил ва муттаҳидии миллат дар атрофи он мебошад.
Аз ин лиҳоз, мо барои пос доштану арҷ гузоштан ба парчами худ ва ҳифзи он ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлатамон ҷони худро дареғ надошта, ба насли наврас муқаддасу муҳим будани парчамро фаҳмонида, эҳсоси ҳимояи онро дар ниҳоди миллат ҳидоят намоем.
Ҳамзамон тибқи дастури роҳбарияти Суди Олӣ чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар судҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо низ доир карда шуданд.



Бозгашт ба рӯйхат