НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Имрӯз, 15 феврали соли 2024 дар Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён намояндагони воситаҳои ахбори оммаро бо натиҷаи фаъолияти мақомоти судӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2024 шинос намуданд.
Қайд гардид, ки тибқи муқаррароти Конститутсия ва қонунҳо вазифаҳои мақомоти судӣ аз ҳифзи ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо ва таъмини қонунияту адолат дар ҷомеа иборат буда, дар ин самт корҳои муайяне амалӣ карда шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2023 аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 137950 адад парвандаҳои маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ, пешниҳоди муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ карда шуданд, ки нисбат ба соли 2022, 1965 адад зиёд мебошад.
Аз шумораи умумии парвандаҳои баррасигардида 13085 адад парвандаҳои маданӣ, 45442 адад парвандаҳои оилавӣ, 11347 адад парвандаҳои ҷиноятӣ, 45449 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 7895 дархостҳои мақомоти тафтиши пешакӣ ва 7191 адад пешниҳодҳои сохтору мақомоти дахлдор мебошанд.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии аҳолии кишвар, мусоидат барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ мерасонанд, Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардидааст.
Аз ҷониби мақомоти судӣ соли сипаригардида барои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар маҷмӯъ 826 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардида, ба 818 шахс ба маблағи умумии 4689502 сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудаст.
Ҳамчунин судҳои ҷумҳурӣ дар самти амалисозии Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки мақсади асосиаш тақвият додани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад, корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд.
Аз ҷумла соли 2023 аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 14187 адад парвандаҳо нисбати вайронкунандагони Қонуни мазкур баррасӣ гардида, дар натиҷа ба 5452 нафар ҷазои огоҳӣ ва нисбати 8.744 нафар ҷарима ба маблағи умумии 1803942 сомонӣ таъин карда шудаст.
Бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун ва сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани кирдорҳои ғайриқонунӣ мусоидат кардаанд, аз ҷониби судҳо дар маҷмӯъ 26330 таъиноти хусусӣ бароварда, ҷиҳати тадбирандешӣ барои аз байн бурдани камбудиҳое, ки ба содир намудани қонунвайронкуниҳо сабаб гардидаанд, ба мақомоти дахлдор карда шуданд, ки ин шумора нисбат ба соли 2022, 1699 адад зиёд мебошад.
Соли гузашта судҳо ба фоидаи давлат дар маҷмӯъ аз рӯи ҳама парвандаҳо маблағи боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк, зарари ба давлат расонидашударо ба маблағи умумии 214076512 сомонӣ рӯёнида, ба буҷаи ҷумҳуриявӣ гузарониданд.
Бояд қайд кард, ки сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, алалхусус «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028» ва «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» амалӣ карда мешавад.
Ҷиҳати амалисозии Барномаи мазкур судҳо корҳои фаҳмондадиҳии меъёрҳои қонунҳои амалкунандаро тақвият дода, шумораи мурофиаҳои сайёри судиро бо ҷалби бештари шаҳрвандон доир намуда, моҳияти санадҳои судии қабулгардида ва роҳҳои пешгирии кирдорҳои ғайриқонуниро ба маълумоти аҳолии кишвар расониданд.
Аз ҷумла бо мақсади истифодаи минбари мурофиаҳои сайёри судӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи қонуният ва пешгирии ҷинояткорӣ, судҳо дар маҷмӯъ 22725 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёр бо ҷалби бештари аҳолӣ баррасӣ карданд.
Ҳамзамон судяҳо дар як қатор ҷамоату шаҳракҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо аҳолӣ, хонандагону донишҷӯён вохӯрию сӯҳбатҳо баргузор намуда, мазмуну муҳтавои қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҷавобгарии пешбинигардида барои риоя накардани ин қонунҳо фаҳмонида доданд.
Ба ғайр аз ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҷиҳати аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ аз ҷониби хонандагон ва донишҷӯёну хизматчиёни ҳарбӣ дар 11389 чорабиниҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ баргузоршуда иштирок карда, ба онҳо оиди ҷавобгарӣ нисбат ба шахсоне, ки кирдорҳои ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳоро содир мекунанд, суҳбат ва онҳоро баҳри риояи қонунҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ даъват намуданд.
Ҳамин тариқ, дар давоми соли 2023 тариқи телевизиону радио 4290 маротиба баромад намуда, дар рӯзномаю маҷаллаҳо 1549 хабару мақолаҳоро ба нашр расониданд.
Ҳамчунин бо иштироки кормандони мақомоти судӣ 20 адад барномаи ҳуқуқии «Мурофиа» ва 24 барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун» таҳия гардида, тариқи шабакаи «Телевизиони Тоҷикистон» пешкаши тамошобинон гардонида шуданд.
Инчунин бо иштироки судяҳои ҷумҳурӣ шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» 30 барномаро таҳти унвони «Ҳуқуқи Шумо» ва 62 барномаи иттилоотӣ-таҳлилии «Додгоҳ»- ро таҳия дода, пешкаши тамошобинон намуд.
Соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо иштироки судяҳо 52 барномаи «Маърифати ҳуқуқӣ»-и Радиои «ҒМ-Ховар» сабт ва дар мавҷи радиоӣ пахш карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат