МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

 

Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

М А Ъ Р И Ф А Т И   Ҳ У Қ У Қ Ӣ

Дар арафаи санаи таърихӣ бахшида ба ҷашнгирии 30 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1994 халқи тоҷик таҳти роҳбарии Сарвари давлат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул кардааст, эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ гувоҳи қадамҳои устувори миллати тоҷик баҳри созмони ҷомеаи демократӣ, якпорчагии кишвари азизамон Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раванд муҳим буда, он боэътимодтарин омили ҳуқуқии ташаккули давлатдории миллӣ мебошад. Дар ин давом ҳаёти иҷтимоии кишвар ҷараёни пурмаҳсул гирифт, кули дигаргуниҳои ҷиддӣ дар мамлакат дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба вуқӯъ пайваст.

Эълон гардидани соли маърифати ҳуқуқӣ ва солгарди ҳуҷҷати тақдирсоз ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқамандии ногустанӣ дорад, зеро он таъминкунандаи асосии ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат муқаррар гардидааст. Ин омили муҳим тақозо менамояд, ки пайваста соҳаи иҷтимоӣ таҳким ва густариш ёбад ва ба маротибҳо баланд бардошта шавад.

Дар моддаи 1 Конститутсия омадааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Меъёрҳои Конститутсия таҷассумгари арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқу озодиҳо, таъмини ҳифзи вазъи иҷтимоии он ва дигар ҳуқуқҳои инсон мебошанд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағийрёбии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.»

Бояд қайд намуд, ки инкишофу рушди ҷомеаи имрӯзаи мо дар партави фазои ҳуқуқие, ки Конститутсия фароҳам овардааст, асос меёбад.

Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ пайваста барои ободии рӯзгори мардум, беҳтаркунонии вазъи иҷтимоии он тадбирҳо меандешад. Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ сатҳи умумии дониш ва муносибати объективонаи ҷомеаро нисбат ба ҳуқуқ, маҷмӯи донишҳои ҳукуқиро дар шакли меъёрҳо, ақидаҳою мулоҳизаҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти ҳаётӣ ба вуқӯъ меоянд, дар назар дорад.

Маърифати ҳуқуқӣ дар меҳнат, муошират ва рафтори шахс зери низоми таъсири тарбияи маданию фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ, таълим ташаккул меёбад. Набояд фаромӯш сохт, ки маърифати ҳуқуқӣ ҷузъи муҳими ҷомеа ва давлати пешрафта мебошад.

Беҳуда нест, ки солҳои охир як қатор қонунҳо, барномаҳо, санадҳои ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки марҳила ба марҳила масъалаҳоро оид ба такмил додани қонунгузорӣ, таъмини иҷрои қонунҳо, рушди ёрии ҳуқуқии ройгон, беҳдошти вазъи иҷтимоии аҳолӣ ва самтҳои дигар оид ба устуворкунонии кафолати ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, идомаи ислоҳот дар соҳаҳои гуногуни ҳаётан мухими кишвар, ки мақсаду ҳадафҳои онҳо беҳтаркунонии вазъи иҷтимоӣ - иқтисодии шаҳрвандон мебошанд, зарур мебошад.

Мақсади асосии давлат дар ин ҷода баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоии ҷомеа, таъмини сулҳу субот мебошад.

Маърифати ҳуқуқӣ қисми маърифати умумӣ буда, мавҷуд будани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмиши арзиши иҷтимоии ҳуқуқ, нақши мусбии онро барои шахс ва ҷомеа дар назар дорад.

Вазифаҳои асосии маърифати ҳуқуқӣ дар анҷом додани корҳои тарбиявӣ оид ба ташаккули сифатҳои ҳуқуқии инсон ифода меёбад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маърифати ҳуқуқӣ ба муоширати шаҳрвандон дар соҳаи ҳуқуқии ҷомеа таъсир мерасонад. Дар ин самт меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ҷузъҳои таркибии маърифати ҳуқуқии ҷомеа хусусияти арзиширо пайдо мекунанд, яъне ҳамчун объекти арзёбӣ баромад хоҳанд кард.

Пас маърифати ҳуқуқӣ дар чӣ ифода меёбад? Ин пеш аз ҳама донистани қонунҳо ва риояи онҳо татбиқи қонунҳо, донистани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои худ, дастгири кардани тартиботи ҳуқуқӣ, мусоидат намудан оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ.

Мавриди зикр аст, ки давлату Ҳукумат ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҳар як фарди Тоҷикистон диққати хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, дар ин самт давра ба давра чораҳои зарурӣ меандешад ва ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани дараҷаи донишу маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирии қонуншиканиҳо корҳои зиёде роҳандозӣ карда шуда истодааст.

  

Муовини сардори Раёсати баррасии

муроҷиатҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НУРАЛИЕВА ҲОМИЯ МАҲМУРОДОВНА 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Бозгашт ба рӯйхат