Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

        Судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ имрӯз Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, дастаҷамъона дар толори Суди Олӣ тамошо намуданд.

       Паёми навбатии Пешвои миллат роҳнамои асосии фаъолияти кории судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳои ҷумҳурӣ буда, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ   ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шудааст. Масъалаҳои дар Паём дарҷшуда аз ҷониби кормандони мақомоти судӣ ба роҳбарӣ гирифта шуда, баҳри беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ равона карда мешавад.

       Пешвои миллат дар қатори дигар масъалаҳо, инчунин ба яке аз масъалаҳои мубрам – баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон диққати махсус дода, зарурияти тасдиқ намудани Барномаи нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои даҳсолаи минбаъдаро таъкид намуданд.

       Ҳамчунин Сарвари давлат қайд намуданд, ки «Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад» ва лозим шумориданд, ки Барномаи нави ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиҳати баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд.

       Чуноне, ки қайд карда шуд, яке аз проблемаҳои глобалии чаҳони муосир афзоиши хатари терроризм ва экстремизм боқӣ мемонад, ки шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ташвишовар мебошад.

       Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.

       Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат, бахусус ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

       Аз ин рӯ, супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба макомоти дахлдор ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии пешгирӣ кардани экстремизм, таҳияи тарзу усулҳои муосири муқовимат бо ин зуҳурот таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо экстремизм» саривақтӣ ва муҳим мебошад.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни Паёми худ зикр намуданд, ки дастуру супоришҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳимояи истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои халқи тоҷик равона гардида, таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат, фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ ва дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштани обрӯи Ватани маҳбубамон — Тоҷикистон вазифаҳои аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбанд. 

       Қобили қайд аст, ки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар Паёми имрӯза аз ҷониби кормандони Суди Олӣ бо самимияти хоса пазироӣ гардид.

       Ҳамзамон кормандони мақомоти судӣ тамоми қувваю ғайрати хешро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, равона намуда, барои ободию шукуфоии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро мегузоранд.



Бозгашт ба рӯйхат