КОНСТИТУТСИЯ – БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Бисту шаш сол муқаддам бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.
Пеш аз ҳама аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ аз он иборат аст, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки таҳияи Конститутсия бо ҷалби неруҳои ақлонӣ, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии миллати тоҷик дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ сурат гирифта буд. Халқи Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Мардуми тоҷик тибқи Конститутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.
Бо қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бори дигар исбот кард, ки ҳеҷ гуна душворию мушкилот, аз ҷумла ҷанги даҳшатбори ба сари давлат ва мардуми Тоҷикистон таҳмилшуда наметавонад сокинони сулҳдӯсту созандаи кишвари моро аз роҳи ҳақиқату ростӣ, бунёди давлати муосири миллӣ ва фаъолияти бунёдкорона берун созанд.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Маҳз аз ҳамин хотир, қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо рӯйдоди дорои аҳамияти бузурги таърихиву сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷониби дигар, бо иродаи озодонаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардидани Конститутсия баёнгари маданият ва ҷаҳонбинии пешрафти ҳуқуқии халқи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ, ин санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти мамлакат ва дастоварди даврони истиқлол шуморида мешавад.
Конститутсияи мамлакат ҳамчун заминаи ҳуқуқии иқтисодӣ ҷомеаи моро муайян намуда, рушду инкишофи устувории онро кафолат медиҳад. ҳамзамон Конститутсияи Тоҷикистон унсурҳои ҷомеаи шаҳрвандиро муқаррар карда, гуногуншаклии моликият, баробарии онҳоро эътироф мекунад. Ин бесабаб нест, зеро ки асоси иқтисоди ҷомеаи шаҳрвандиро гуногуншаклии моликият ташкил медиҳад. Унсури дигари муҳими иқтисодии ин ҷомеа – озодии меҳнат аст, ки дар Конститутсия эълон гаштааст. Ҷомеаи шаҳрвандӣ дар заминаи худташкиливу худидорашавӣ ташаккул меёбад. Аз ин нуқтаи назар дар Конститусия имкони худидораи маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст.
Майлу иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳама маълуманд.
Имрӯз бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ин санади сарнавиштсози таърихӣ манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Конститутсия таъмини истиқлоли миллӣ ва якпорчагии кишварро кафолат дода, халқи Тоҷикистонро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намудааст.
Дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ кафолати таъмини амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо меҳвари асосии сиёсати давлат эътироф гардида, дар Тоҷикистон заминаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфтанд, ки ин шаҳодати амалишавии ҳамаҷонибаи принсипи гуногунандешии сиёсӣ ба шумор меравад.
Тоҷикистон дар муносибатҳои хориҷии худ сиёсати дарҳои кушодаро пайгирӣ намуда, омодагии худро дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ дар асоси принсипи баробарӣ ва эҳтироми соҳибихтиёрӣ эълон дошт.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Баъдан тамоми низоми конститутсионии миллӣ ба муқаррароти Конститутсия мувофиқ гардонида шуда, фаъолияти парламенти касбии кишвар ба таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии ҷавобгӯ ба манфиатҳои давлату миллат, густариш бахшидани раванди демократикунонии ҷомеа ва пешбурди бомароми ислоҳоти иқтисодиву ҳуқуқӣ равона гардид.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯ ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.
Мо дар даврони истиқлол, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд бо шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву бардавомиии имрӯзу ояндаи давлату миллат таъмин гардидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навтарин ворид карда шуданд, ки 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумхалқӣ пазируфта шуданд. Тағйиру иловаҳо воридшуда бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат нигаронида шудаанд.
Констутитсия воқеан ҳуҷҷати умумии ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо буда, он манфиатҳои ҳамаи моро баробар ҳифз мекунад. Ҳамаи мо беистисно дар назди қонун ҳам дар хуқуқ ва ҳам дар уҳдадориҳо баробарем.
Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи эъҷоду такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад. Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Ҳамин Конститусия аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон ин ҳама шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз нажод миллат, мансубияти мазҳабӣ, ақидаҳои сиёсӣ, моликият ва ғайра.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус дода истодааст. Бо ҳамин хотир, имрӯз дар Конститутсия чандин меъёрҳо амал карда истодааст. Вобаста ба меҳнати онҳо, озодии меҳнати онҳо вобаста ба таҳсил намудани ҷавонон инчунин мувофиқи модаи 41 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ҳуқуқ ба таҳсил дорад. Таҳсили умумии асосӣ имрӯз мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист. Ҷавонон ҳуқуқ доранд, ки ба тариқи ройгон аз таҳсили умумӣ, миёна, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ ва дигар намудҳои таҳсил истифода кунанд. Дар Конститутсия уҳдадориҳои асосии шаҳрвандон ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки ҳар як он ки синну солаш ба даъвати ҳарбӣ расидааст уҳдадор аст, ки барои ҳимояи модар Ватан хизмат кунад.
Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.

Аҳмадзода Ҷамшед Анвархон
Судяи Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат