ШУКУҲИ ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

21-уми марти соли 2026 чорабинии ҷашни “Наврӯз”-и байналмилалӣ дар Суди Олӣ бо ороиши хони Наврӯзӣ аз ҷониби Суди Олӣ, судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияи тобеи кишвар дар саҳни бинои асосии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони раис, судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тебеи кишвар фаъолона ширкат намуданд.

DSC00895 — копия.JPG DSC00896 — копия.JPG

Қисмати фарҳангии чорабиниро Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, оғоз бахшида, зимнан изҳор намуданд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. 

DSC00901 — копия.JPG DSC00904 — копия.JPG DSC00905 — копия.JPG

Раиси Суди Олӣ ҳамроҳ бо муовинон, судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тебеи кишвар аз хони наврӯзии оростаи судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияи тобеи кишвар дидан намуданд.

DSC00912 — копия.JPG DSC00919 — копия.JPG DSC00945 — копия.JPG

Роҳбарияти Суди Олӣ ҳангоми боздид аз ороиши хони Наврӯзии оросташуда, ки фарогири ойинҳо ва суннатҳои куҳани Наврӯз буданд, ба масъулин изҳори ташаккур намуда, ба кӯдаконе, ки порчаҳои шеърӣ ҳамчун мужда аз пайки Наврӯзи қироат намуданд, туҳфаҳо тақдим намуданд, ки аз суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ маҳсуб мебошад.

DSC01001.JPG

Сипас, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар истиқболи ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи Байналмилалӣ якқатор судҳои шаҳру ноҳияҳо бо Сипосномаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.

DSC01010.JPG DSC01017.jpg DSC01076.JPG

Дар идомаи чорабинии пуршукуҳ судяҳо дар бораи рисолат ва таърихи ҷашни Наврӯз суханронӣ намуда, роҷеъ ба мақому манзалати ин ҷашни таърихӣ маълумотҳои ҷолиб пешҳкаш намуданд.

DSC01126.JPG DSC01112.JPG

Дар қисмати фарҷомини чорабинии фарҳангӣ сурудҳои дилнишини дар васфи Наврӯз сурудаи ҳурнармандони Тоҷикистон ба қалбҳои иштирокдорон фараҳу шодӣ бахшид.

DSC01156.JPG

 

 


Бозгашт ба рӯйхат