КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКИМБАХШАНДАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини давлатдории Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик баъд аз ҳазорсоли аз даст додани давлатдорӣ бори аввал Конститутсияи мустақили кишварро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон арзёбӣ гардида, Конститутсия ба ҳуҷҷати тақдирсози миллат табдил гардид.
Таърих гувоҳ аст, ки кишвари азизамон то соҳибистиқлол гардидан марҳилаҳои гуногуни сиёсиро паси сар намуд. Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон оғози дигаргуниҳои тоза дар самти бунёди давлати мустақили тоҷикон гардид ва бо қабули Конститутсия барпо намудани давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи озоду пешрафтаи шаҳравандӣ ба миён омад. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо интихоби ҳайати нави Ҳукумат бо сарварии Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқарор намудани институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа шароит фароҳам овард...
Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ эҷоди санаду қонунҳои нав ва барои ин амал қабули Конститутсияи нав зарур буд. Зеро дар он марҳила маълум набуд, ки мо кадом роҳи рушди ҷомеа ва кадом шакли идораи давлатро интихоб менамоем. Дар сатҳи баланди сиёси бо сарварии бевоситаи Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссия таъсис ёфта, дар давоми зиёда аз ду сол лоиҳаи Конститутсияро таҳия намуданд. Тамоми қишрҳои ҷомеа дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзиданд.
Хушбахтона 6-уми ноябри соли 1994 бо тарафдории 2352554 нафар, ё 87,59% овозҳо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Аз ин ҷост, ки ҳар сол 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Хотиррасон бояд сохт, ки ин санади олии ҳуқуқӣ аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, коршиносони Федератсияи Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифт. Гузашта аз ин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори конститутсияҳои беҳтариии давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шуд. Он ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқукии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Ҳамин тавр, Конститутсия заминаи эҷоди қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ ва созгор ба паймонҳои байналмилалиро фароҳам оварда, таъмини ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, сарфи назар аз миллату маҳал, нажоду забон, мазҳабу эътиқодро ҳадафи асосӣ қарор дод. Ин санади олии ҳуқуқӣ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро таҳким бахшида, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои умдаи пешрафти ҷомеаро ба меъёрҳои ҷаҳони муосир мутобиқ гардонд. Инчунин Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошта, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор фароҳам овард ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Пас аз қабули Конститутсия зарурати гузарондани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои мутобиқ ба замони муосир, ки фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1 декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд. Дар заминаи ин ислоҳот соли 1995 қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи Суди конститутсионӣ», «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Дар бораи мақоми судяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд. Қонунҳои қабулшуда аз як тараф ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ, ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз бахшида бошанд, аз ҷониби дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим дароварданд.
Табиист, ки баробари такмили ҳар як ҷомеа зарурати даровардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба миён меояд. Бо тағйир ёфтани шароит чунин зарурат дар мамлакати мо низ ба миён омад ва хушбахтона, ин тағйиру иловаҳо дар асоси иродаи мардум бо раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳое, ки мутобиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд, ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мусоидат намуданд. Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо, бори аввал дар Тоҷикистони соҳибистиқлол парлумони касбӣ арзи вуҷуд намуд, ки он дар инкишоф ва ба муносибатҳои сифатан нави ҷамъиятӣ мутобиқ сохтани қонунгузории мамлакат мусоидат намуд. Ҳамин тавр ба Конуститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик аз Конститутсияи одилонаи худ эҳтиром ба қонунро омӯхт ва дарк намуд, ки бунёди ҷомеаи демократию ҳуқукбунёде, ки мавриди таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, маҳз бо роҳи риояи қонун, ҳурмату эҳтиром доштан ба шаҳрвандони мамлакати худ ва эҳтироми аҳли башар муяссар мегардад. Хушбахтона, имрӯз миллати тоҷик ва давлати тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи оламиён ва мактаби сулҳофари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мавриди омӯзиши сиёсатмадорони кишварҳои дунё қарор дорад.
Рӯйдодҳои охири олам собит намуданд, ки сиёсати пешгирифтаи давлати тоҷикон дар ҳалли пешгирии низоъ ва таҳкими ваҳдати миллӣ беҳтарин ва озмудашуда мебошад. Миллати тоҷик ва ҳамаи сокинони Тоҷикистони азиз дар доираи талаботи Конститутсияи интихобнамудаамон кору зиндагӣ мекунанд ва ин роҳи муқаддас миллатро ба манзили мурод мерасонад.


Комилзода И.С.,
судяи Суди Олӣ



Бозгашт ба рӯйхат