Маросими савгандёдкунии судяҳо

Имрӯз, 7 феврали 2020 дар Суди Олӣ маросими тантанавии савгандёдкунии 58 нафар номзадҳое, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд баргузор гардид.
Бо мақсади хоста гирифтан ва пешбарии номзадҳои арзанда ба вазифаи судя соли 2017 дар рӯзномаю маҷаллаҳо ва сомонаи расмии Суди Олӣ дар бораи баргузории озмуни коромӯз-судя эълон нашр гардид.
Дар озмун 248 нафар довталабон иштирок намуда, танҳо 58 нафари онҳо ба хулосаи мусбии Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз - судя, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 апрели соли 2017, №866 тасдиқ шудааст, ноил гардида бо фармонҳои дахлдори Раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ба вазифаи коромӯз-судя таъин карда шуданд.
Дар давоми як соли бозомӯзӣ дар Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олӣ коромӯз-судяҳо тибқи барномаҳои махсуси мувофиқашудаи таълимӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, мурофиаи иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятҳо ба муқобили хизмати ҳарбӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, мурофиаи конститутсионӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба бозомӯзии назариявӣ фаро гирифта шуданд.
Баъди ҳар як давраи бозомӯзии назариявӣ коромӯз-судяҳо барои таҷрибаомӯзӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, судҳои ҳарбӣ ва судҳои иқтисодӣ сафарбар карда шуда, малакаи касбии амалии онҳо сайқал дода шуд.
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунад.
Имрӯз низ 58 нафар коромӯз-судяҳое, ки бо Фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи пурмасъули судя таъин шуданд, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо савганд ёд карданд.
Сипас, Муовини якуми Раиси Суди Олӣ ва Директори Маркази таълимии судяҳо суханронӣ намуда, ба судяҳои навтаъин дар фаъолияти пурмасъули судягӣ барору комёбиҳо таманно намуда, қайд намуданд, ки судя тақдири инсонро ҳал мекунад, аз ин лиҳоз ӯ бояд вазифаи муқаддасашро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро намуда, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ намояд.
Судяҳо бояд ҳамеша суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ёд дошта бошанд, ки гуфтаанд: “Судяҳо ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат бояд шаъну шарафи судяро нигоҳ дошта, ваколатҳояшонро бо маҳорати баланди касбӣ анҷом диҳанд ва ба халқу Ватан содиқонаву беғаразона хизмат намоянд”.
Дар анҷом ба судяҳои навтаъин барои пурсамар гардидани фаъолияти кориашон адабиёти ҳуқуқӣ тақдим карда шуд.

Бозгашт ба рӯйхат