АСОЛАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ИТТИФОҚИИ МИЛЛАТ АСТ

«Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил диҳем».
                                                                                                                                          Эмомалӣ Раҳмон

Пояи асосии истиқлолият ваҳдати миллӣ ва муҳаббати мардумон ба Ватан баҳисоб меравад.
Истиқлолият! Аҷаб неъмати бебаҳост. Кадом ҳалқу миллате, ки ин ду чизро дар дил холисона парварид, ба қуллаҳои мурод хоҳад расид.
Истиқлолияти Тоҷикистони азизамон 30-сола мешавад ва онро соли 2021 таҳти сарварии Пешвои миллати азизамон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил хоҳем кард. Ба тамоми оламиён нишон медиҳем, ки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон дар тӯли сӣ сол ба чӣ пояи баланде расидааст ва миллати сарбаланди тоҷик, ки ҳазорсолаҳо дар орзуи Истиқлолият буд, ба кадом қуллаҳои мурод расидааст.
Дуруст, ки истиқлолияти тоҷикон неъмати Худодованд аст. Аз ин рӯ, мо сарҷаъмона идомадиҳандаии давлатдории Сомониён бо роҳу равиши даврони муъосир бошем. Афсус, ки баъзе аз ҳаммиллатони мо ба муқобили раъйи миллати хеш баромада, аз ислом маромад карда, мардуми кишварро ба мусулмону кофир ҷудо карда, бо ҳамин мамлакатро ба ҷангҳои шаҳрвандӣ кашиданд. Ба тамоми мардуми Тоҷикистон маълум аст, ки ҷангҳои таҳмилӣ, ки ин бегонапарастони исломситез бо кумаки хоҷаҳои хориҷиашон ташкил карда буданд, чи қадар ҳисороти зиёди модди ҷисмӣ овард.
Истиқлолияти Тоҷикистон ба пуррагӣ зери хатар монда буд. Ба ояндаи нек касе бовар надошт. Дар кишвар ҷанги шаҳрвандии аланга гирифта, доман паҳн мекард. Воқеъан ҳам фазои кишварро абрҳои сиёҳи даҳшатбори ҷангҳои шаҳрвандӣ фаро гирифта буданд. Бар сари миллату давлатамон мушкилоти сангине пеш омад. Сарвари ҷавони мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корро аз гуфтушунид бо мухолифини ба ҷанг бархостаи тоҷик сар кард, ки ин кори осон набуд. Ӯ дар ин роҳ ба хотири ваҳдат, сарҷамъии миллату ҳифзи истиқлолияти кишвар ҷони азизашро ба хатар гузошта, ба мавзеъҳои пурхатар мерафт, ки рафтанаш мумкин набуд. Дили поку нияти некаш ӯро дар ин роҳи пурхатарӣ ба даст овардани сулҳ пирӯз гардонид.
Академики академияи илмҳои кишвари Украина Борис Паттон навиштааст:
«Бузургтарин хизмати Эмомалӣ Раҳмон он аст, ки истиқлолият, сулҳ, ваҳдати миллати тоҷикро ҳифз карда тавонист. Ҳамин аст, ки имрӯз миллати тоҷик устуворона, хушбахтона ба сӯи ояндаи нек қадам мезанад».
Дар воқеъ миллати мо дар тӯли таърихи мавҷудияти хеш ҷабри зиёдро аз дасти аҷнабиён дидааст. Инро муаррихони хориҷи ҳам дар навиштаҳояшон дарҷ кардаанд. Александр Серебрянников, ки дар солҳои 1890-ум дар сарҳадҳои Россияи подшоҳӣ дар Осиёи Миёна афсарӣ кардааст, аз рӯйи мушоҳидаҳояш чунин навиштааст:
«Шиносии наздик ба тоҷикон ва омӯзиши халқу рафтор, анъана ва тарзи ҳаёти онҳо дар дили кас ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиром гузоштанро ба ин халқи меҳнатдӯст, ки дар зиндагии хеш басо таъқибу азият дидааст, бидуни ихтиёр бедор месозад ва ҳайратеро дар аъмоқи дили мо падид меорад, ки чи сон ба рағми ин ҳама, ин халқ аз рӯйи замин нопадид нашуд, балки шакли ориёии худро ба тозагӣ нигоҳ дошта тавонист».
Воқеъан ҷангҳои шаҳрвандӣ, ки дар Тоҷикистон душманони миллат карда буд, аз зумраи ҳамон таъқибу азиятҳое буданд, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо аз бегонагон дида буд, ба ҳисоб мерафт. Мо тоҷикон таҳти сарварии марди шариф- Пешвои муаззами миллат, Президенти азизамон миллатро аз парокандагӣ ва давлатамонро аз нестшавӣ раҳоӣ бахшида тавонистем. Имрӯз кадом сайоҳ ва ё меҳмони хориҷӣ, ки ба Тоҷикистон меояд, аз ободонӣ ва созандагии миллати тоҷик ангушти ҳайрат мегазад. Ҳамаи ин пешрафту ободонӣ дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ аз дилсӯзӣ, кордонӣ, сарварии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Ҳамин аст, ки Президенти Шӯрои Аврупо Доналд Туск некбинона гуфтаанд:
«Воқеан, мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки мардуми бисёре аз кишварҳои сайёра доштани чунин сарварро орзу мекунанд».
Дар ҳақиқат халқашро мепазирад ва эътимод дорад. Бисёр месазад, ки чанд андешаю пешниҳоди Ҷаноби Олиро дар аввалин муроҷиатномааш ба муҳоҷирони иҷборӣ ва ҷангиёни мухолифин (соли 1992) мисол биёрам. Бедор кардану ба худ овардани миллатро шарти аввалиндараҷаи сарварии худ медонист. Яке аз муроҷиатҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин буд:
Ҳамдиёрони азиз!
Акнун дар Тоҷикистон ним сол мешавад, ки ҳукумати қонунӣ кор мекунад. Дар ин муддат мо ватани азизамонро аз сарзамини пурмоҷаро ва муноқишаҳои хунин ба кишвари нисбатан ором табдил додем. Нисбатан мегӯям, зеро ороми вақте фаро мерасад ҳама аз нав дар ҷойи худ ҷидду ҷаҳд намоем. Оромӣ вақте фаро мерасад, ки хонаҳои вайроншуда, киштзору боғоти поймолгардида аз нав обод шаванд. Оромӣ вақте мерасад, ки мо-тоҷикон, ҳамонҳое, ки дар хоки Ватан ҳастанд ва ҳамонҳое, ки дар ғариби рӯз мегузаронанд, ба умеди ёрӣ ва хайру эҳсони дигарон нашуда, рӯзгорамонро худамон обод кунем…
Ҳамаи ҳамватанони ғарибафтода, ки дар айёми ноосудагии кишвар хоки Тоҷикистонро тарк намудаед, ман ба Шумо муроҷиат мекунам. Магар нолаи ҷуғзе нашунидаед, ки манзилатонро ба ёд биёрад? Ба ватани худ баргардед. Хонаи Шумо танҳо ба Шумо насиб мекунад… Ҳамин қадар мегӯям, ки як бурда ноне, ки дорем якҷоя мехурем, як қатра обе, ки дорем, якҷоя менӯшем. Паҳлуи якдигар истода ватани вайроншудаамонро барқарор мекунем.. Ман ба Шумоён муроҷиат мекунам: Халқи азизам, падару модарон, хоҳару бародарон ва фарзандон! Шуморо хонаатон, заминатон, боғатон мактабатон интизор аст! Шумо тоҷику тоҷикистониед, Тоҷикистон Шуморо интизор аст!».
Муроҷиати сарвари сарсупурдаи миллат боварибахш буд. Мардуми раҳгуму саргум таҳти ҳамин фаҳмондадиҳиҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба худ омадаанд, хуб фаҳмиданд, ки ба доми фиреби исломситезон афтоданд.
Дар ин миён сӣ сол сипарӣ шуд.
Истиқлолияти миллату давлатамонро бо баҳои ҷон ҳифз кардем. Ваҳдати миллатро бо чӣ қадар ҷонбозиҳо таъмин кардем. Истиқлолияти роҳу комуникасияи кишвар ва чароғи барқиро соҳиб шудем. Соҳаҳои хоҷагии қишлоқро равнақ бахшидем. Имрӯз имконият дорем, ки ба даҳҳо мамлакатҳои олам меваи тару хушк ва маҳсулоти саноатиро ирсол кунем. Ва боз саноаткунонии мамлакат дар авҷ аст.
Сатҳи худшиносиамон хеле пеш рафтааст. Мо дар даҳсолаи аввали соҳибистиқлолӣ таърихи хуношоме гузаронидем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишавар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояш гуфт буданд: «Таърих он вақт сабақ шуда метавонад, ки аз гузашта ибрат гирифта тавонем, хатоҳои худро ислоҳ намоем ва дар фикри оянда бошем».
Ҳоло ҳам душмани ин миллат дар камин аст, ки медонем. Ҷаноби Олӣ дар дар поёнтари баромадашон таъкид карда гуфта буданд. «Кай ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ору номуси мо бедор мешавад? Кай дар қалби ҳалқи мо ҳисси баланди ватандӯстӣ ҷойи сазовори худро меёбад?» Шукрона аз он мекунем, ки имрӯз иттифоқу ва сарҷамъии миллат таъмин аст. Бо сари баланд мегӯем, ки имрӯз Истиқлолияти кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар ҳимоя аст. Президенти кишвари Сенегал Абдулло Водӣ ба миллати мо некбинона баҳо дода гуфтаанд:
«Тоҷикон халқи хушбахтанд, зеро Парвардигор ба онҳо чунин марди оқилу дурандешро мисли Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвар ва пуштибон додааст».


Ғафурзода Манучеҳр Абдурасул
Сармутахассиси Раёсати марҳилаи кассатсионии Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат