БАХШИДА БА ҶАШНИ 29- СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Истиқлолият ин рамзи озодӣ, соҳибдавлатӣ ва ватандории мардуми сарбаланди мутамаддини тоҷик аст. Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ тамоми ҷумҳуриҳое, ки дар ҳайати он арзи вуҷуд доштанд, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон истоқлолияти худро ба даст оварданд.
9-сентябри соли 1991Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар байни дигар давлатҳои дунё шинохта шуд. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб меёбад.
Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагӣ ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз бахшид.
Миллати мо дар тӯли таърих аз биёр озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт.Ба ҳамагон маълум аст, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат асрҳо барои ташаккулли арзишҳои солими башардӯстона хидмат кардааст.
Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқукбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ин дастоварди муқаддас барои халқи Тоҷикистон Ватану ватандорӣ, давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиклолият рамзи барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор аз он доранд, ки бисту нӯҳ сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати он, яъне соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парчам,Нишон ва Суруди Миллӣ гардиданд.
Давраи навини давлатсозию давлатдории мустақилона моро водор сохт, ки роҳи ислоҳоти иқтисодӣ, дигаргун сохтани шакли моликият, ташаккули иқтисодиёти миллӣ ва сохторҳои нави идоракунии онро пеш гирифта, ба густариши муносибатҳои бозоргонӣ ва пайвастани низоми иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ роҳ кушоем.
Душвортарин муаммои мо дар ин солҳо ин масъалаи расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ буд,ки пешрафти иқтисодиёт ва инкишофи ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ дар шароити имрӯза аз онҳо вобастагии калон доранд.
Нахустин иқдоми Ҳукумати ҷумҳурӣ оғоз бахшидан ба сохтмони нақби Истиқлол (Анзоб) буд.Сарвари давлат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳои роҳсозию коммуникатсияро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфрасохтори иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.
Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсиланеругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 даҳҳо нерӯгоҳҳои барқи обӣ аз ҷумла «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба охир расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо алҳол ба манфиати халқ хизмат мекунанд. Дигар объекти муҳими стратегӣ НОБ-и Роғун ба ҳисоб меравад, ки аз шаш чархаи он аллакай ду тоаш ба истифода дода шуданд.
Доир ба раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ як силсила тадбирҳои мушаххас амалӣ шуда, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Хатлон ва Шаршар, шоҳроҳҳои Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, Душанбе-Турсунзода ва ғайра ба истифода дода шуданд, ки дар натиҷа ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар дохили мамлакат ва берун аз он дар тамоми фаслҳои сол имконпазир гарид ва дар ин замина вазъи рафту омад ва боркашонӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар беҳтар гардид.
Яке аз дастовардҳои муҳими даврони соҳибистиқлолӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон бахусус кишварҳои исломӣ мақому манзалати хос пайдо кардани Тоҷикистон мебошад.Махсусан суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои Созмони конфронси исломӣ, ҷонибдории шахсии Сарвари давлат аз покизагии дини мубини Ислом ва зарбаи сахт задани ӯ ба даъвогарони ҳамбастагии дини Ислом бо терроризму экстремизми байналмилалӣ, ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои исломӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол аз зумраи давлатҳои озоду ободест, ки дар он баробари расму ойинҳои миллию мардумӣ, анъанаҳо ва маросимҳои динӣ низ риоя мегарданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон арзишҳои демократӣ ҳамчун ҷузъи фарҳанги давлатдории навин пазируфта шуданд ва онҳо ба таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намуда истодаанд.
Бояд қайд кард,ки мақсади асосии низоми демократӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар шахс, волоияти қонун, пойдории адолат ва фароҳам овардани шароит барои иштироки фаъолонаи мардум дар идоракунии давлат мебошад.
Бо мақсади таҳкими Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзу густариши арзишҳои фарҳанги миллӣ ва таъмини рушди босуботи ҷомеа Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми декабри соли 2017,№968 «Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон» қабул гардидааст, ки ин ҷашн 9-сентябри соли 2021 бо шукуҳу шаҳомати баланд таҷлил карда мешавад.
Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озоди кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!


Ёрзода Ф.Г.
Сардори шуъбаи таъминоти моддию
техникии судҳои Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат