ИСТИҚЛОЛИЯТ

« …Истиқлолият барои мо яке аз муқаддастарин арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ин дастоварди бузург натиҷаи талошу муборизаҳои фарзандони бонангу номуси тоҷик ба хотири амалӣ намудани ормони чандинасраи халқамон, яъне эҳёи давлатдории миллии тоҷикон мебошад».
                                                                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

Таърихи 29 соли истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеа ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин замина, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими адолати судӣ дар ҷомеаи кишвар мақомии хос пайдо кард.
Бояд гуфт, ки дар ин давра сохторҳои идорасозии давлатӣ на танҳо шаклан, балки дар асоси арзишҳои милливу таърихӣ мазмунан тағйир ёфт. Ислоҳот дар тамоми соҳаҳо ба рушди хоҷагии халқи мамлакат ва эъмори давлати миллӣ мусоидат кард. Гузашта аз ин, Тоҷикистон аз ибтидои истиқлолияти давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии эътирофшудаи байналмилалиро, ки асоси муносибатҳои байни давлатҳо, сулҳу амният, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошанд, ҷонибдорӣ кардааст. Аз ин ҷост, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон бартарияти санадҳои байналмилаллии эътирофшуда муқаррар шудааст.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки таъмини адолати иҷтимоӣ ва риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти судӣ иртиботи амиқ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани нуфузи мақомоти судӣ тадбирҳои судбахшро амалӣ намуда, ҷиҳати истеҳкоми адлу адолат дар ҷомеа пайваста талош меварзад.
Ба назар мерсад, ки таҳкими фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар меҳвари сиёсати Сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар ин замина дастовардҳои қобили таваҷҷӯҳ низ ба миён омадаанд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бисёр маврид баланд бардоштани нақши мақомоти судӣ дар кишвар ва пойдории адолати иҷтимоиро таъкид месозанд. Аз ҷумла, дар мулоқот бо кормандони мақомоти судӣ (21 ноябри соли 2019) зикр мешавад, ки: «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конститутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд».
Айни замон қонунгузории муосири Тоҷикистон дар раванди воридкунии принсип ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ташаккул меёбад, ки ҷиҳати мусбати он ташаккули ҳуқуқӣ ва рушди умумии давлат мебошад.
Тавре зикр шуд, дар давраи аввали истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдории худро аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ифода намуда, дар ин замина 7 Созишномаи асосиро эътироф кард.
Бо мурури замон қисмати муҳими сиёсати ҳуқуқӣ ва механизми татбиқи он тайёр намудан ва омӯзиши судяҳо, чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии онҳо, коромӯзии номзадҳо ба судягӣ дар судҳо эътироф карда шуд. Ҳамзамон мустақилияти судя яке аз шартҳои асосии таъмини адолати судӣ шумурда шуда, ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. Мусаллам аст, ки дар ин замина сиёсати кадрҳо ҷузъи муҳимтарини системаи судии самаранок мебошад. Агар барои таъмини адолати судӣ сифатҳои муайянро доро будани судяҳо зарур бошад, пас маълум аст, ки вазифаҳои судяҳоро танҳо шахсони ба ин сифатҳо ҷавобгӯбуда ишғол карда метавонанд. Чунин раванд аз судяҳо дониши хуби касбӣ ва маҳорати зеҳниро талаб менамояд. Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2004 дар назди Шӯрои адлия Маркази таълимии судяҳо таъсис дода шуд. Ин марказ дар ибтидои фаъолияти худ ба иҷро намудани барномаҳои такмили ихтисоси судяҳо машғул буд. Соли 2005 ба таври таҷриба аввалин гурӯҳи номзадҳо ба судягӣ дар машғулиятҳои курсҳои «рӯзҳои истироҳат» фаро гирифта шуданд ва сипас як қисми судяҳо аз ҳисоби шунавандагони ин курсҳо таъин гардиданд.
Гузашта аз ин дар асоси барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки
соли 2007 қабул гардида буд ба таври расмӣ вазифаи коромӯз-судя таъсис ёфт. Дар доираи ин барнома таъмини мустақилияти судҳо, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси судяҳо дар меҳвари асосии фаъолияти роҳбарияти Шӯрои адлия қарор гирифт. Гузашта аз ин ҳангоми машғулиятҳои семинарӣ, дар баробари мавриди омӯзиш қарор додани сабабҳои бекоршавӣ ва тағйирёбии санадҳои судӣ, инчунин диққати судяҳо ва коромӯз-судяҳо ба масъалаҳои риояи ҳатмии қонунҳои амалкунанда, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ равона шудааст.
Тасдиқи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо боварии зиёд дар амри такмили сохтори судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии судяҳо ва мукаммал намудани қонунҳо нақши назаррас гузошт. Дар ин асно, бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июли соли 2016 Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барҳам дода шуд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 июни соли 2016, №699 фаъолияти Маркази таълимии судяҳо дар назди Суди Олӣ дубора ба роҳ монда шуд, ки дар амалӣ намудани барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, коромӯз-судя нақши басо муҳим дорад. Ҳоло дар доираи ин барномаҳо корҳои амалӣ шурӯъ шуда, як қатор бандҳои он ба иҷро расидаанд.
Раванди мураккабшавии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз судяҳои имрӯза дониши хуби касбӣ, ҷаҳонбинии зеҳнӣ ва алоқамандӣ ба шинохти санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро тақозо менамояд.
Имрӯз аз баракати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мо ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду демократӣ қадам мезанем, ҳамаи ин дастовардҳои замони истиқлол аст, ки моро водор месозад баҳри пешрафту гулгуншукуфонии Ватани азизамон хизмати софдилона намоем ва баҳри риояи дақиқи қонуният, таъмини адолати судӣ, барқарор намудани адолати иҷтимоӣ саҳми арзандаи хешро гузорем.


Нусратуллозода О.Н.
Сармутахассиси Маркази
таълимии судяҳои назди Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат