ИСТИҚЛОЛИЯТ

Истиқлолият:
Ин озодӣ, эҳёи тамаддуни миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат, ифтихори олии ҳар як фарди ватандӯст ва гавҳари худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ аст.
Таърих гувоҳ аст, ки миллатҳои гуногун истиқлолияти миллӣ ва давлатии худро бо мушкилоти зиёд ва муҳорибаҳои хунини тӯлонӣ ба даст оварда ва баъзе миллатҳо то ҳол истиқлолияти худро пайдо накарда, дар гирдоби таърих саргардонанд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик истиқлолияти давлатии худро эълон намуда, дар харитаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлат ва субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ ҷой гирифт. Бояд аз ин ҳар як фарди тоҷик ифтихор намояд ва сипосгузор бошад, ки аз зумраи шахсоне аст, ки дар ин марҳалаи таърихӣ умр ба сар мебрад, миллатамонро озод, соҳибистиқлол, соҳибтамаддун мебинад ва аз неъматҳои бебаҳои даврони истиқлолият баҳра мегирад.
Ҳарчанд миллати тоҷик баъди зиёда аз 1000 сол боз истиқлолияти давлатӣ ба даст овард, дар оғози он ба мушкилоти бениҳоят вазнин рӯ ба рӯ шуда, манфиатҳои гурӯҳи ашхос, ки ақидаҳои ғаразноки ба миллат ва давлати мо хос набудаашон боло гирифта, бо дастгирии қувваҳои беруна кӯшиши сари қудрат омаданро карданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсӣ шуруъ гардид.
Хушбахтона 16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ баъзе масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла тасдиқ намудани нишони давлатӣ, ба мувофиқа овардани гурӯҳҳои силоҳбадаст, интихоби Роҳбари давлат, барқарор кардани ҳукумати қонунӣ амалӣ гардида, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб карда шуд, ки инҳо аввалин дастовардҳои замони истиқлолият ба шумор рафта, ба муттаҳидгардонии миллат ва давлатдории нав заминаи аввалин гузоштанд. Мардуми тоҷик бо азму иродаи худ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи аввалини даврони истиқолояти худро якдилона қабул намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ, дунявӣ ва ягона эълон намуда, дар он сохти идоракунии давлатдорӣ, низоми мақомотҳои давлатӣ, ҳудудҳои марзиву маъмурӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати ҳифзи онҳо муайян карда шуд, ки ин санади таърихӣ дастоварди асосии даврони истиқлол буда, ба ояндаи неки давлати ҷавони мо ва хушбахтии миллат сарчашма гузошт.
Дар ин замина ҳокимияти давлатӣ ба се шохаи мустақил, яъне ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо гардида, мунтазам идоракунии маҳакҳои асосии давлат мустаҳкам ва зери назорат гирифта шуда, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Бо меҳнатҳои шабонарӯзӣ, шӯҷоат, матонат, сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳрвандони парешонгаштаи тоҷик ба ватан баргардонида шуда, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расида, бо ҳамин муноқишаҳои сиёсӣ, ҷанги дохилӣ, саргардонии миллат пушти сар шуд.
Гарчанде ин солҳо вақтҳои осудаи миллати тоҷик набуданд, аммо дастовардаҳои дар боло зикршуда, ки дар ин марҳалаи таърихӣ ба амал омадаанд, пойдевори тараққиёти минбаъдаи далати ҷавони соҳибистиқлоли моро таъмин карданд, ки боиси таҳсин ва ифтихори мардуми шарафманди тоҷик мебошад ва боварии комил дорем, ки наслҳои оянда саҳми шахсиятҳо, фарзандони шӯҷои тоҷикро барои ба даст овардани ин дастовардаҳо арҷгузорӣ менамоянд.
Пас аз истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ марҳалаи нави рушди давлат, даврони эҳёгарӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз гардида, бо роҳбарӣ ва сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои давлатдорӣ, аз қабилӣ соҳаҳои идоракунии давлатӣ, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва сиёсати хориҷӣ миллати тоҷик ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Аз ҷумла, дар сиёсати хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аксарияти давлати дунё муносибати дипломатӣ ва ҳамкории тарафайни судманд барқарор намуда, ба зиёда аз 51 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аъзо гардида, шумораи зиёди санадҳои байналмилалиро ба тавсиб расонидааст. Маҳз бо ба даст овардани чунин нишондиҳандаҳо Президенти мамлакат миллат ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муарифӣ карда, тамаддунофар ва бунёдгар будани онро боз як бори дигар исбот намуда, дар ҳалли масаъалҳои глобалии ҷаҳон, ақидаҳои ӯ, ки баёнгари иродаи мардуми тоҷик аст, аз қабили масълаи об, терроризм, экстремизм ва ғайраҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷахонӣ дастгирӣ ёфта, иқтидори сарлавҳавӣ ва ҳалкунанда гирифтанд.
Соҳаи идоракунии давлатӣ аз рӯи принсипи таҷзияи ҳокимият амалӣ гардида, бо мақсади самаранок гардонидани идоракунии давлатӣ як қатор сохторҳои нав ташкил карда шудаанд, ки ин ба ташаккули минбаъдаи соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар ин раванд давлат аз парлумони даъватӣ даст кашида, парлумони доимамалкунандаро ташкил намуд ва ҳокимияти қонунгузорро ба Маҷлиси намояндагон, ки фаъолияти доимамалкунанда дорад ва Маҷлиси миллӣ табдил дод. Ин ислоҳот барои беҳтар гардонидани қонунгузорӣ, сари вақт дар доираи қонун ба танзим даровардани муносибатҳои нав ва зарурии ҷамъиятӣ бе шубҳа нақши ҳалкунанда гузошт.
Аз ин созандагӣ ва бунёдкории даврони истиқлолият ҳокимияти судӣ, ки яке аз шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад, дар канор намонда, бо мақсади таъмини ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон як қатор ислоҳотӣ судӣ гузоронида шуда, ин раванд то ҳол бомаром идома дорад.
Аз ҷумла, бо фармонҳои Президенти мамлакат аз соли 2007 то инҷониб чор Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул гардид, ки ин дастрас ва содагардонии кафолати ҳифи судии шахрвандонро таъмин кард. Дар ин ҷода ба як қатор қонунҳо тағйироту иловаҳо ворид гардида, як қатор кодексу конунҳои нав, аз қабили Кодеки ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул карда шудаанд, ки дар маҷмӯъ онҳо қонунгузории мамлакатро пурра гардонида, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таъмин карда истодаанд.
Иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз соли 2000 рӯ ба тараққӣ ниҳода, сол то сол буҷети кишварамон зиёд гардида истодааст. Пеш аз ҳама кафолат додани моликияти хусусӣ дар сатҳи Конститутсия, дастгирии соҳибкорӣ, ислоҳоти қонунгузории иқтисодӣ, аз ҷумла қонунгузории андоз ва гумрук, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ва дохилӣ, таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ таъсири мусбӣ расонида, соҳаҳои истеҳсолот, кишоварзӣ, саноат тараққи намуда, ба амалишавии стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ мусоидат намуданд.
Дар тӯлӣ 29 соли соҳибистиқлолӣ соҳаи иҷтимоии мамлакат бо маром рушд карда, дар ин муддат маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа қариб ҳамасола аз 15 то 30 фоиз зиёд гардида, бо назардоштӣ сол то сол зиёд шудани буҷети ҷумҳуриавӣ ва маҳаллӣ маоши миёнаи ҳадди ақал афзоиш ёфта истодааст. Маориф соҳаи аз ҳама афзалиятнок шинохта шуда, ҳамасола зиёда аз 50 фисади маблағҳои буҷетӣ ба маблағгузории ин соҳа равона карда мешаванд. Дар ин замина садҳо муассисаҳои талимии томактабӣ, мактабҳои миёна, миёнаи касбӣ ва ғайра таъсис дода шуда, сатҳу сифати таълиму тарбия беҳтар гардида истодааст. Дар давоми 29 соли истиқлолият зиёда аз 2900 муассисаҳои гуногуни таълимӣ азнавсозӣ карда шуда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва таёр намудани мутахассисони зарурӣ чандин донишгоҳу донишкадаҳои нав таъсис дода шуда, низоми дохилшавӣ мутамарказ ва дастраси ҳамагон гардидааст. Бешубҳа дар соҳаи маориф таъсис додани Маркази миллии тестӣ, таъсиси додани Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи тиббии Хатлон ва ғайраҳо дастовардҳои беҳтарини даврони истиқлолият мебошанд. Ба ҳамин монанд дар соҳаи тандурустӣ чандин муассисаҳои нави табобатӣ сохта шуда, соҳаи тандурустӣ ба таҷҳизотҳои нави ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида шуданд, ки ба сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ тасири мусбӣ расониданд.
Дар ин раванд фарҳанги миллӣ рушд намуда, гузаронидани рӯзҳои фарҳангии тоҷикон дар дигар давлатҳо, ҷашнгирии Соли бузургдошти Имоми Аъзам, ҷаҳонишавии иди Наврӯз бо пешниҳоди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамасола ҷашнгири он, таҷлили бузургдошти шоирону адибон ва ба ин монанд чандин чорабиниҳои фарҳангии сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ аз як тараф ба эҳёи фарҳанги миллӣ такон баҳшида аз тарафи дигар миллати тоҷикро ҳачун миллати қадимаи соҳибфарҳанг ва тамаддунофар дар арсаи ҷаҳонӣ муарифӣ намуд.
Таъмини амнияти озуқаворӣ, истиқололияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат вазифаҳои ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, ҳамасола дар ин самт корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома дорад, ки ба истифода додани Неругоҳи оби барқии Сангтуда 1 ва 2, идомаи сохтмони Неругоҳи оби барқии Роғун, кашидани хатҳои барқии баландшиддат ва пайваст шудани вилояти Суғд ба хати ягонаи барқии мамлакат, сохтмони роҳҳои сатҳи байналмилалалӣ ва минтиақавӣ, кушодани роҳҳои оҳан ва нақбҳо намунаи онҳоянд.
Дастовардҳои зикргардида бе шубҳа бо талошҳои пайваста ва сиёсати созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст оварда шуда, шоистаи таҳсинанд. Маҳз меҳнатҳои олии ӯ ба Ватан, миллат ва давлат буд, ки бо қабули Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2015, таҳти № 1259 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат эътироф карда шуд. Бо Пешвои миллат эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик як бори дигар исбот намуд, ки миллати сарҷамъ, соҳибтамаддун ва бо нангу номус буда, дар атрофии Пешвои муаззами худ муттаҳид мебошанд. Мутмаинам, ки фарзандони ояндаи миллати тоҷик барои интихоб намудани ӯ ҳамчун Пешвои миллат, ки дар воқеъ барои миллати худ хизматҳои шоён кардааст, сипосгузор хоҳанд шуд.
Боварии комил дорем, ки миллати тоҷик бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадри Истиқололияти давлатии миллии худ мерасад ва онро бо азму иродаи қавӣ, созандагиву бунёдкорӣ ба наслҳои ояндаи миллат мерос мегузорад.


Абдуқаҳҳор Тағозода
Судяи Суди Олӣ

Бозгашт ба рӯйхат