ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН НИШОНАИ БАРҚАРОРИИ АДОЛАТИ ТАЪРИХ АСТ

Бисту нуҳ сол қабл дар сарзамини мо воқеае ба амал омад, ки дар тақдири таърихии халқи тоҷик як марҳилаи навро ба вуҷуд овард. 9 сентябри соли 1991 дар харитаи сиёсии дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи нав башорат дод.
Халқи тоҷик аз қадимтарин халқҳои дунё буда, дар раванди таърихи тӯлонии худ чунин лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсозро бисёр дидааст, вале баъди шикасти давлати Сомониён шояд бори аввал буд, ки ҳаёт ба тоҷикон имконияти нодиру беназиреро пешкаш кард, ки давлати ягонаи миллии хешро барпо кунанд ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо намоянд.
Аз ин рӯ, 9 сентябри соли 1991 барои халқи мо натанҳо рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи ҷомаи амал пӯшидани орзуву ормонҳои беш аз ҳазорсолаи миллӣ азизу арҷманд аст.
Баъд аз эълони соҳибистиқлолӣ дар низоми давлатдорӣ шахсиятҳо ва гурӯҳҳои сиёсие ба майдон ворид шуданд, ки бар зидди истиқлолият ва якпорчагии Тоҷикистон мубориза бурда, ин сарзамини муқаддасро ба коми ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд ва бо ин амали ношоистаашон саҳифаҳои аввали таърихи мустақилияти давлату миллатамонро доғдор намуданд.
Хушбахтона халқи Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатару таҳдидҳои ин низои дохилиро ба истиқлолият ва бақову ҳастии давлати навбунёди тоҷикон дарк карда, роҳи ору номуси ватандорӣ ва масъулияти ҳифзи ин сарзамини покро пеш гирифт.
Дар робита ба ин масъала Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 8 сентябри соли 1996 зимни суханрониашон дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Истиқлолият чунин иброз намуда буданд: «Нуқтаи охирини ҳалкунандаро ба фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ халқ гузошт. Маҳз халқ, албатта, таҳти роҳбарии нерӯҳои солими ҷомеа бар зидди ҷангу хунрезӣ, бародаркушӣ, дахолати қувваҳои ҷудоиандози дохилию хориҷӣ ба по хест, садои эътироз баланд кард ва бо нерӯи хираду заковати хеш ба ин фоҷиаи миллӣ хотима гузошт».
Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.
Роҳи бунёди чунин ҷомеа бори нахуст моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ эълон гардида, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 тавассути овоздиҳии умумихалқӣ пазируфта шуд ва мақоми қонунӣ пайдо кард.
Халқи Тоҷикистон ба тарафдории Конститутсия овоз дода, якдилона изҳор доштанд, ки шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, хуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат дахлнопазиранд.
Конститутсия ба ҳама гуна бенизомӣ, тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор месозанд, садди роҳ гардида, таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад ва ягон мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад.
Таҷрибаи давлатдорию давлатсозӣ дар Тоҷикистон собит намуд, ки эълони ин меъёрҳои сарнавиштсоз зарурияти ҳаётӣ, интихоби бошуурона ва дурандешона буда, ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеа мебошад.
Дар зарфи бисту нуҳ соли соҳибдавлатӣ Тоҷикистон ва халқи он дар роҳи барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, мустаҳкам намудани рукнҳои давлатдорӣ, таъсиси артиши миллии боэътимод, ташаккули низоми ҳуқуқии миллӣ, таъмину ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, саноату энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ ва бахшҳои дигар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва ваҳдати миллии худро таҳким бахшиданд.
Инчунин истиқлолият имконият фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар ҷодаи сиёсати хориҷӣ низ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида, робитаҳои худро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба таври муназзаму бомаром рушд дода, дар байни давлатҳои мутамаддини олам мавқеи сазовори худро пайдо намояд.
Ҳоло Тоҷикистони соҳибистиқлол бо зиёда аз 160 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дошта, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва даҳҳо созмони байналмилаливу минтақавӣ дар ҳалли мушкилоту масоили мубрами замон саҳми назарраси худро мегузорад. Аз ҷумла, дар ин давра чор ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, ки гувоҳи обрӯи баланди кишвари азизамон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи нақши он дар пешбурди масъалаҳои мубрами марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза, ки ҷомеаи ҷаҳониро низоъҳои дохилию сиёсӣ ва таҳдиду хатарҳои дигари ҷанбаҳои ниҳоят мураккабу печидадошта фаро гирифтааст, ҳифзи арзишҳои муқаддаси миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Вазъи имрӯза тақозо менамояд, ки ҳамагон камари ҳиммат баста, барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистон беш аз пеш сарҷамъу муттаҳид бошем, сиёсати созандаи роҳбари давлатро, ки воқеан Тоҷикистонро ба ояндаи боз ҳам ободу дурахшон хоҳад бурд, дастгирӣ карда, онро аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳои нерӯҳои бадхоҳ эмин нигоҳ дорем.
Ҳамзамон чеҳраҳои воқеии бадхоҳони миллатро, ки ҳанӯз ҳам фаъолияти ифротгароёнаашонро бар зидди сулҳу истиқлоли Тоҷикистон идома дода истодаанд, шиносем ва нагузорем, ки Тоҷикистони бо заҳмату талошҳои зиёд ободшударо зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.
Ҷовидон бод Истиқлолияти Тоҷикистон!

Азиззода Хушвахтҷони Шариф
Мудири бахши назорати Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат