НАҚШИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ватанамон - Тоҷикистон як рӯйдоди муҳими таърихӣ ва дастоварди нодир мебошад, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақил муаррифӣ менамояд.
Мутаассифона дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ватани моро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта, он хатари парокандашавии давлат ва нестии миллатро ба вуҷуд овард.
Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои иқтисодиёти кишварамон зарари калони моддию маънавӣ расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар одамон гардид.
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати тоҷик ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ арзишманд ва муқаддас аст.
Бояд қайд намуд, ки чунин рӯзҳои таърихию хотирмон дар ҳаёти ҳеҷ як халқу миллате худ аз худ ба вуҷуд наомада, дар натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ ва азму иродаи қавии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ муяссар мешаванд.
Чунин шахсияти таърихӣ дар ҷомеаи мо, ки барои бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва барқарор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ хизматҳои ниҳоят бузургу хирадмандона карда, дар таърихи давлату миллат як марҳилаи навро ба миён оварданд, Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти ҷаҳду талошҳо ва хизматҳои бузургу тақдирсозашон дар ҳифзу барқарорӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соли 2015 дар асоси қонун ва соли 2016 дар асоси қонуни конститутсионӣ «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» эътироф гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 сол муқаддам бо дигар фарзандони ватандӯсту сулҳхоҳи тоҷик баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмили дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ихтилофот хотима бахшида, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо гузоштанд. Бо изҳороти худ дар Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат ҷумҳурии соҳибистиқлолро аз ҷанги таҳмили раҳо ва дарҳоро барои музокира кушода, ваъда доданд, ки ба кишвар сулҳ меоранд, мардумро ба нишоту комронӣ мерасонанд ва бо фаросати азими мардумпарварӣ ва миллатдӯстиашон ҷони худро ба гарав монда, барои таъмини истиқлолият ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон камари ҳиммат мебанданд. Ин бесабаб набуд, зеро муҳимтарин дастоварди умумимиллии мо дар даврони истиқлолият ин ваҳдати миллии мост, ки он ифтихор ва муаррифкунандаи симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Бояд қайд кард, ки як ҷавони чилсола дар ин роҳи басо душвор ва марҳилаи сарнавиштсоз бо дарки масъулият ва рисолати таърихии худ ҷасорат ва бо камоли шуҷоату ҷавонмардӣ ва эътимоди комил ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон савганд ёд карда буданд, ки тамоми ҳастӣ ва нерӯи ақливу зеҳнии худро ба хизмати халқу Ватан сарф хоҳанд кард. Аз ин рӯ, ҷойи тааҷҷуб ва пӯшида нест, ки ин марди бузург барои расидан ба ҳадафҳои худ ва мақоми милливу таърихӣ роҳеро тай намуданд, ки пур аз мушкилот, пур аз хавфу хатар, аммо пур аз ифтихор, пур аз муҳаббат буд.
Ҳамин тавр, бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидати роҳбарони баъзе давлатҳои ҳамсоя ва минтақа, 17 майи соли 1995 дар шаҳри Кобул бори аввал музокироти сарнавиштсози сатҳи олӣ дар шароити сахту душвор ва хатарнок, барои таъмин ва истиқрори ҳарчи зудтар сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон муваффақона анҷом дода шуд.
27 –уми июни соли 1997 баъди 8 даври гуфтушунид байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва тарафи мухолифин дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон» имзо гардид.
Роҳбари хирадманду тавоно ва ташкилотчӣ бо бастани камари ҳиммат тавонистанд, ки ҷанги хонаводагиро барҳам зада фазои осоиштаи сиёсиро дар мамлакат ба вуҷуд оранд, дар байни аҳли ҷомеа сулҳу суботро барқарор созанд ва халқро дар атрофи давлати навбунёд муттаҳид намоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дунё ягона давлатест, ки таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷанги шаҳрвандии он бо сулҳ ва ризояти миллӣ анҷом пазируфтааст.
Таъкидҳои такрории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкоронаву хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардумӣ мо низоми бегонаро таҳмил намоянд, далели он аст, ки Сарвари давлат таъмини сулҳу суботро дар меҳвари сиёсати хеш қарор додаанд.
Имрӯз воқеан ба саҳифаҳои таърихи соҳибистиқлолӣ назар афканем метавон равшан мушоҳида намуд, ки дар тӯли солҳои Истиқлолият таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба як мамлакати ободу осуда ва пешрафта табдил ёфта, созандагиву бунёдкорӣ мароми ҳамагон гардидааст. Дастоварду муваффақиятҳо, рӯйдодҳои муҳим дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъият назаррасанд.
Дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон мисолҳои зиёд овард. Вале қайд бояд кард, ки дастоварди бузурги даврони Истиқлолият ин ноил гардидан ба Ваҳдати миллӣ мебошад. Маҳз Ваҳдати миллӣ ба мо имкон дод, ки солҳои истиқлолият ба комёбиҳои азим ноил гардем. Аслан Истиқлолият ва Ваҳдат мафҳумҳои муродиф мебошанд. Набояд фаромӯш сохт, ки танҳо дар сурати пойдории Ваҳдати комил Истиқлолияти Ватан таҳким меёбад ва побарҷо мемонад. Дар навбати худ ҳифзу таҳкими Истиқлолият ҳамчун замина барои такомули Ваҳдати миллӣ ва дӯстиву бародарии тамоми сокинони Тоҷикистон хизмат менамояд.
Дар шароити ниҳоят мураккаби имрӯза мо бояд ватанамонро ҳамеша дӯст дошта, истиқлолият ва ваҳдати миллиамонро ҳифз намоем ва нагузорем, ки бадхоҳони миллати мо ин сарзамини зебову оромамонро зери ҳадафу ниятҳои нопокашон қарор диҳанд.
Истиқлолияти давлатӣ имрӯз Тоҷикистонро таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи умеди тамоми тоҷикони дунё табдил дод. Имрӯз тоҷику тоҷикистонӣ дар ошёни меҳри хеш зиндагии осоиштаву ором доранд.
29-мин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак ҳамватанони азиз!

Исмоилзода Шокирҷон Шариф
Мутахассиси пешбари бахши иттилооти Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат