КОНСТИТУТСИЯ

Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, санаи 06-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.
“Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин замина Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат, раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд”,- гуфтаанд Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. То имруз дар Конститутсия низ чун тағйиротҳои ҷомеа тағйиротҳои куллӣ ба вуҷуд омаданд. Албатта сабаби ба вуҷуд омадани ин рӯйдоди бузурги таърихӣ тақозои замон, пешравии ҷомеа ва соҳибистиқлолии кишвари азизамон Тоҷикистон аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади меъёрию ҳуқуқӣ буда, эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Дар Конуститутсияи амалкунандаи Ҷумхурии Тоҷикистон тамоми меъёрҳои демократии нишонаҳои ҷой доштани давлати ҳуқуқӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои инсону шаҳрванд таҷассум ёфтаанд, ки ҳангоми омӯзиш аз ҷониби зиёда аз ҳашт давлати тараққикардаи ҷаҳон, ин конуни асосии давлат ба ҳайси демократитарин Конститутсия шуморида шуд.
Мувофиқи ин қонун ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Конститутсия асосан шиносномаи давлату миллат ҳисобида мешавад, зеро дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода шудааст. Конститутсия ҳамеша қонуни асосии давлат ҳисобида шуда, сарчашмаи ҳамаи қонунҳо мегардад. Аз ин рӯ қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти қонунгузор мутобиқи Конститутсия қабул гаштаанд ва меъёрҳои он бевосита ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ равона гардидаанд. Ин қонун барои ҳама баробар аст.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмиллалӣ, халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохта шуд. Конститутсия тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Бинобар ин, вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем, ояндаи дурахшони ватанамонро софдилона таъмин намоем, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайваст кард, қадр кунем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем.
Ин санади муқаддас ва тақдирсоз ҳамчун чароғи фурӯзон роҳи рушди давлати соҳибистиқлоли тоҷик ва мардуми онро садсолаҳо мунаввар хоҳад кард.


Ҳаким Рухшона Аскар
Судяи Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат