ИСЛОҲОТИ КОНСТИТУТСИОНӢ ВА ТАҲКИМИ МИНБАЪДАИ МУСТАҚИЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд, ки аз даҳ боб ва сад модда иборат мебошад. Дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баъд аз Федератсияи Россия ин дуюмин Конститутсия мебошад, ки ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳан ба қатори панҷгонаи Конститутсияҳои беҳтарин дохил мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Бо мақсади татбиқ ва амалисозии муқаррароти «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон», бо назардошти ба вуқӯъ пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию ҳуқуқии кишвар, бори аввал 26 сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Бо ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ба идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат ва танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Аввалин маротиба дар мамлакат низоми комилан нави таъсис, сохтор ва фаъолияти мақоми қонунгузории кишвар пешбинӣ карда шуд. Тартиби интихоботи Парламенти думаҷлиса мушаххас карда шуда, мутаносибан дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи парламент низ такмил дода шуданд. Дар ин замина бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар парламенти касбии доимоамалкунанда – Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъсис дода шуд.
Ҳамзамон тавассути тағйиру иловаҳои соли 1999 шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ, яъне ҳокимияти судӣ боз ҳам мустаҳкам карда шуд.
Бояд зикр кард, ки мақом ва мавқеи ҳокимияти судӣ ба сифати шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ, ки вазифаи асосиаш ҳифзи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат мебошад, бо ин ислоҳоти конститутсионӣ боз ҳам мушаххастар гардонида шуд.
Баъдан идомаи ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ, инкишофи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, зарурияти танзими ҳуқуқии дигаргуниҳои иҷтимоию иқтисодӣ тақозо намуданд, ки меъёрҳои Конститутсия бори дигар такмил дода шаванд.
Бо ҳамин мақсад 22-юми июни соли 2003 маротибаи дуюм ба Конститутсияи мамлакат тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд.
Бо ин иқдом, кишвари мо ба шарофати хиради бузург ва фаросати сиёсии халқ, ба сӯйи мустаҳкамсозии пояҳои давлати демократию ҳуқуқбунёд боз як қадами ҷиддӣ ва устувор гузошт.
Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсия ин таъмини идомаи раванди демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимодро тарҳрезӣ намуд. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои манфиатҳои муайян шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари ин, бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол дароз карда шуд, ки ин яке аз принсипҳои конститутсионии таъмини мустақилият ва таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ буда, барои баланд бардоштани нақшу мавқеи он дар ҷомеа ва ба татбиқи адолати иҷтимоӣ мусоидат намуд.
Бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил дода шуд. Яъне ин ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.
Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар баҳри татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд. Дар тӯли солҳои сипаришуда ба мо муяссар гардид, ки ин арзишҳои олиро пайваста татбиқ намуда, роҳҳои минбаъдаи рушду такомули онҳоро муайян созем.
Қайд кардан зарур аст, ки бо мақсади аз байн бурдани гуногунфаҳмӣ ҳангоми татбиқи меъёрҳои нави Конститутсия бо ворид кардани тағйиру иловаҳои соли 2003 бори аввал ба Конститутсия бахши нав, яъне «муқаррароти интиқолӣ» илова карда шуд.
Муқаррароти интиқолӣ тартиби эътибори қонунӣ пайдо кардани тағйиру иловаҳои ба Конститутсия ворид кардашуда, амали қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки то ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия қабул карда шудаанд, тартиби оғози амали интихоби пай дар пайи Президент ва тартиби нигоҳ доштани ваколати судяҳое, ки то ворид кардани ин тағйиру иловаҳо интихоб ва ё таъин шудаанд, муайяну мушаххас менамояд.
Қайд намудан ҷоиз аст, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд.
Аз ин рӯ, бори сеюм 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳои навбатӣ ворид карда шуданд.
Раъйпурсии умумихалқӣ чун мисли пештара озоду шаффоф, демократӣ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ ва стандартҳои байналмилалӣ баргузор гашт, ки ба натиҷаи он мушоҳидон ва созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд доданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, кишвари мо боз ҳам ободу зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ, инчунин ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат мекунанд.
Зарурати дигари ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ин ба ҳам мутобиқ намудани меъёрҳои Конститутсия ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Тағйиротҳои воридшуда имкон медиҳанд, ки меъёрҳои Конститутсия бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар якҷоягӣ ва ҳамбастагӣ амал намуда, ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсеа ва рушд ёбанд.
Тағйиру иловаҳои сеюми ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда, ба мақомоти судии кишвар низ дахл доранд.
Дар асоси тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридгардида, 23 июли соли 2016 ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Тибқи ин тағйиру иловаҳо, бинобар сабаби барҳам дода шудани Шӯрои адлия ваколатҳои ин сохтор дар самти таъминоти ташкилии фаъолияти судҳо ва таъминоти моддию техникии онҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳо, инчунин таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромӯз – судяҳо, масъалаҳо вобаста ба фаъолияти Маркази таълимии судяҳо, дар як коллегияи тахассусӣ муттаҳид кардани се коллегияи тахассусии мавҷудбуда, таҷдиди сохтори дастгоҳҳои судҳо бо васеъ гардонидани ваколати онҳо, нисбат ба судҳои умумӣ ба салоҳияти Суди Олӣ ва нисбат ба судҳои иқтисодӣ бошад, ба салоҳияти Суди Олии иқтисодӣ вогузор карда шуданд.
Инчунин, дар асоси тағйиру иловаҳо моддаи 12 қонуни конститутсионии амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шуд, ки мутобиқи он ба вазифаи судя шаҳрванде таъин ё интихоб карда мешавад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад. Ҳамчунин, тибқи ин модда сини ниҳоии дар вазифаи судя фаъолият кардан барои занон 58 ва барои мардон 63 пешбинӣ карда шуд, ки мақсад аз тағйироти мазкур муқаррар намудани талаботи якхела доир ба синну соли ба нафақа баромадан нисбат ба кормандони мақомоти давлатӣ ва ба инобат гирифтани вазъи имрӯзаи кишвар ба хотири роҳ кушодан ба ҳуқуқшиносони ҷавоне, ки дар сохторҳои гуногуни давлатӣ фаъолият доранд, мебошад.
Ҳамзамон, тибқи тағйироти ба моддаи 18 қонуни конститутсионии амалкунанда воридгардида, дар сурати шомил гардидан ба шаҳрвандии давлати дигар ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин асос барои аз вазифа озод намудани судя мегардад.
Инчунин, тибқи тағйироти ба моддаи 21 қонуни конститутсионии амалкунанда воридгардида, фаъолият ва салоҳияти Суди Олӣ васеъ гардида, муқаррар карда шудааст, ки ин сохтор на танҳо мақоми назоратӣ нисбат ба баррасии парвандаҳои мушаххаси судӣ мебошад, балки барои ташкили кори судҳои вилоятӣ, ҳарбӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, таъминоти моддию техникии судҳо, интихобу тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судягӣ ва кормандони дастгоҳи судҳо, масъалаҳои вобаста ба таъин ва озод намудани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои дигар ваколатҳо, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, масъул мебошад.
Бо тағйироти дар моддаи 23 воридгардида ҳайати Суди Олӣ мушаххас ва пешбинӣ гардидааст, ки шумораи судяҳои Суди Олиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Масъалаҳои вобаста ба сохтори Суди Олӣ дар доираи тағйирот ба моддаҳои 37 ва 91-уми қонуни конститутсионӣ воридгардида ба танзим дароварда шудааст.
Мутобиқи тағйироте, ки ба моддаи 25 ва қисми 1 моддаи 37 ворид карда шудааст, масъалаҳои вобаста ба тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шунидани ҳисоботи фаъолияти Раёсат ва коллегияҳои Суди Олӣ, судҳои вилоятӣ ва судҳои шаҳру ноҳияҳо ба салоҳияти Пленуми Суди Олӣ ва масъалаҳое, ки пештар ба ваколати Шӯрои адлия дахл доштанд, ба салоҳияти Раиси Суди Олӣ вогузор карда шудааст.
Дар асоси тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 44, 45, 46, 47, 48, 50, 51 ва 53 воридкардашуда масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳои иқтисодӣ тағйир дода, салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодӣ бо назардошти ислоҳоти сохтории мақомоти судӣ мушаххасу пурра карда шудааст.
Ҳамчунин, ба як қатор моддаҳои дигари қонуни конститутсионӣ вобаста ба ислоҳоти сохтории мақомти судӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки характери мутобиқкунонӣ дошта, онҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, такмили сохтори он, тибқи талаботи Конститутсия муқаррар кардани тартиби нави интихоб ва таъини судяҳо, тақвияти тартиби баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳо, ташкили бонизоми фаъолияти мақомоти судӣ ва тарзи ҳалли дигар масъалаҳои хеле ҷиддие, ки дар раванди амалисозии ислоҳоти конститутсионӣ ба миён омадаанд, равона карда шудааст.
Ҳамин тариқ, се маротиба ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйироти куллӣ дар қонунгузории амалкунанда гардид, ки ин амр ба табиати ҳуқуқии Конститутсия марбут буда, маҳз аз қувваи олии ҳуқуқӣ доштани он сарчашма мегирад.

Абдуманон Додозода
Сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат