КОНСТИТУТСИЯ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту шаш сол муқаддам дар кишвар тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистилол, қабул гардид. Аз ин хотир, ҳар сол ин рӯзи воқеан таърихӣ бо доир намудани чорабиниҳои сазовор ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад.
Аҳамият ва бузургии ин санади муҳими таърихӣ дар он аст, ки он бори аввал аз ҷониби халқи ҷумҳурӣ бо роҳи озодонаи майлу иродаи ҳар як шаҳрванди мамлакат қабул шудааст.
6 ноябри соли 1994 бо баробари қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофи худро интихоб намуд, ки ин давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Барпо намудани чунин давлат эҳтирому риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ваҳдат, таъмини амният ва суботи устувори ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як шаҳрвандро тақозо менамояд.
Тибқи Конститутсияи кишвар мардуми тоҷик худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.
Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар охири асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳилаи тозаи рушду инкишофи хеш ва муаррифии кишвари мо ба оламиён мебошад.
Иродаи қавии мардум ҳангоми қабули Конститутсия роҳбарияти давлат ва ҳукуматро ба шоҳроҳи азими дигаргунсозиҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун сохт, ки натиҷаҳои ин раванди нек ба ҳамагон маълуманд.
Конститутсия манфиатҳои олии миллат ва давлати соҳибистиқлоламонро инъикос намуда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ кард ва ба омили муҳимтарини кафолати устувори ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Дар заминаи татбиқи бомароми меъёрҳои конститутсионӣ дар кишвари мо волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин ифтихори милливу худшиносӣ ба сатҳи арзиши ҳамешагии ҷомеа бардошта шуд.
Бо гузашти солҳо мо аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати муқаддасу сарнавиштсозро бештар дарк ва қадр намуда, шоҳиди онем, ки дар заминаи ин санади муҳим давлати соҳибистиқлоли мо дар тӯли беш аз ду даҳсолаи охир то ба зинаи давлатдории муосири ҷавобгӯй ба мақсаду мароми халқи соҳибфарҳанги тоҷик расид.
Бояд ёдовар шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба, ки ин ҳам бошад 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумхалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳо воридшуда бо мақсади ба пешрафти замон мутобиқ гардонидани ин санади сарнавиштсози халқу миллат нигаронида шудаанд.
Конститутсия воқеан ҳуҷҷати умумии ҳамаи шаҳрвандони кишвари мо буда, он манфиатҳои ҳамаи моро баробар ҳифз мекунад. Ҳамаи мо беистисно дар назди қонун ҳам дар ҳхуқуқ ва ҳам дар уҳдадориҳо баробарем.
Конститутсия қонуни асосии давлат, заминаи такмили қонунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Маҳз Конститутсия ба таъмини озоду ҳуқуқҳои инсон, аз ҷумла озодии сухан, озодии виҷдон ва амсоли онҳо чун қонуни асосӣ кафолат медиҳад. Ҳамин Конститутсия аз xониби халқи Тоҷикистон қабул карда шудааст. Дар зери мафҳуми халқи Тоҷикистон ин ҳама шаҳрвандоне фаҳмида мешаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Сарфи назар аз нажод миллат, мансубияти мазҳаби ақидаҳои сиёси моликият ва ғайра.
Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давлату ҳукумат бештар ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон ва таълиму тарбияи эшон диққати махсус дода истодааст. Бо боварии комил метавонем гуфт, ки минбаъд низ иродаи шикастнопазири халқамон моро дар роҳи расидан ба ҳадафи созандаи стратегӣ раҳнамун сохта, меҳру муҳаббати ҳар як сокини мамлакатро ба ин санаи тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ, худшиносии миллӣ боз ҳам тақвият мебахшад.
Итминони комил дорем, ки бо шарофати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – бахтномаи миллатамон рӯзгори халқи кишварамон баракати хушу осудатар ёфта, пояҳои давлатдорӣ ва мақому эътибори кишварамон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам побарҷову мустаҳкамтар мегардад.

Мирзозода И.Ш.
Судяи Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат