НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Пас аз чанд рӯз дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол 26-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсия таҷлил мегардад ва бо истифода аз фурсати мусоид Шуморо ба муносибати ин санаи таърихӣ табрик намуда, дар фаъолияти кориатон комёбиҳои беназирро орзумандам.
6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ бо тарафдории кулли мардуми кишвар қабул гардида, ташаккул, рушд ва дурнамои давлатдории миллии тоҷиконро муайян намуд.
Қобили қайд аст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ зарурияти қабули Конститутсияро ба миён гузошта, ҳамзамон ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ нақши муҳими худро гузошт.
Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, аҳамияти муҳими таърихии Конститутсия маҳз дар он аст, ки пеш аз ҳама барои таъмини сулҳу субот ва ба эътидол овардани вазъи сисёсӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
Баъд аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти иҷтимоии дигар, қуллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа зарурияти мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он ба шароити нави рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад. Принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи бунёди давлати соҳибистиқлол ва низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.
Тибқи Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина самти ҳаракати давлат ба роҳи эъмори давлатдории навин равона гардида, барои татбиқи ҳадафҳои Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки оғози марҳилаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, асос гузошт.
Дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти ҳуқуқ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷомеа дар замири эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардида, пойдории адолати иҷтимоӣ мақсаду мароми тамоми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Конститутсия давлати моро бо тамоми хусусиятҳои ҷаҳониаш таъсис дода, мустақилияти давлатро бо ҳама унсурҳояш, аз қабили ҳудуд, соҳибихтиёрӣ дар ҳалли масъалаҳои дохилидавлатӣ, мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандӣ, қонунгузории мустақил, асъори миллӣ, қувваҳои мусаллаҳ ва ғайра мустаҳкам намуда, муносибати мутақобилаи давлат ва мақомоти давлатиро бо ҷомеа ва ниҳодҳои он ба вуҷуд овард.
Дар он асосҳои пешрафти давлати муосир, кафолати ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсию мафкуравӣ, демократияи намояндагӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, ки нишондиҳандаи мавҷудияти низоми демократии сиёсию иҷтимоӣ мебошанд, муайян гардиданд.
Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқии амалигардонии онҳо замина ба вуҷуд овард.
Дар сатҳи Конститутсия забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф шуд ва ин меъёр имкон дод, ки арзишҳои миллию фарҳангии миллати тоҷик эмин нигоҳ дошта шуда, ба эҳёи дубораи забони тоҷикӣ шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Дар ин замина забони тоҷикӣ дар кишвар рушд ёфта, Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуда, вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ ва истифодаи онро дар кишвар танзим намуд.
Қонуни асосии кишвар инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф карда, ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсонро дахлнопазир эълон намуда, давлатро масъул месозад, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Дар сатҳи ин ҳуҷҷати сиёсӣ бори аввал истифода гардидани мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, ҳамчун нишонаи муҳими мавҷудияти демократия барои амалӣ гардидани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд ва ин меъёр имкон дод, ки шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи боздорӣ ва мувозинат, мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташаккул ёбанд.
Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дар сатҳи Конститутсия ба сифати қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эълон шуда, дар асоси меъёри мазкур то ба имрӯз Тоҷикистон аксари санадҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф намудааст, ки ин барои баланд гардидани мақоми Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ба мақоми шоиста дар низоми навини муносибатҳои байналмилалӣ соҳиб гардидани давлати мо мусоидат кард.
Конститутсия Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон намудааст, ки меъёри мазкур барои пешрафти иқтисоди миллӣ, тақвияти низоми таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф, илм ва фарҳанг такони ҷиддӣ бахшида, дар ин самт комёбиҳои назаррас ба даст омад.
Конститутсия инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ эълон кард ва ҳуқуқи шаҳрвандонро дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иштирокашонро дар фаъолияти онҳо кафолат дод. Барои бемамониат фаъолият намудани ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар қонунҳои зиёд, аз қабили: «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот» «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд.
Дар заминаи принсипи дунявияти давлати Тоҷикистон, Конститутсия таъмини ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқодро, ки аз зумраи ҳуқуқҳои табиии инсон мебошад, кафолат дода, онро дар маркази ҳимояи давлатӣ қарор додааст.
Қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол зарурати таъсиси низоми самарабахши ҳуқуқии ҳокимияти давлатиро ба миён овард. Сохторҳои давлатӣ, низоми судӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ аз нав ташаккул ёфта, ислоҳоти идораи давлатӣ оғоз гардид, ки он то ҳол идома дорад.
Дар натиҷаи ислоҳоти конститутсионӣ, ки тибқи он дар таърихи сиёсии кишвар ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, такмили хокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ давом ёфта истодааст.
Тибқи Конститутсия аввалин маротиба дар таърихи сиёсии кишвар парламенти думаҷлисаи доимӣ амалкунандаи касбӣ таъсис ёфта, барои эҷод ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеа заминаи боэътимод гузошт.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурияти қабули қонунҳои нав ва такмили қонунгузориро дар соҳахои гуногуни ҳуқуқ ба миён овард.
Бо ҳамин мақсад, баъди қабули Конститутсия барои амалӣ намудани нишондоди он наздик ба 400 қонуни мукаммал қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд, ки танзими ҳуқуқии муносибатҳои навини ҷомеаро ба роҳ монда, барои бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, устувор гардонидани рукнҳои асосии давлатдорӣ, асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлатӣ, барқарор намудани асосҳои сохти сиёсӣ ва иқтисодӣ шароит фароҳам овард.
Ҳамин тариқ, дар давраи начандон тӯлонӣ меъёрҳои Қонуни асосии кишвар, ки муҳимтарин принсипҳои эътирофшудаи ҷомеаи башариро дар бар мегирад, барои эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона равона гардида, барои амалишавии ҳадафҳои созанда дар роҳи бунёди давлатдории навини тоҷикон мусоидат кард.

Пӯлодӣ М.
Судяи Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат