БАХШИДА БА ҶАШНИ ҚАБУЛИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Конститутсияро ҳамчун шаҳодатномаи миллат, гувоҳномаи давлати соҳибистиқлол ва рисолаи тақдири кишвар мешуморанд. Ва он иродаи мардуми Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, дар марҳилаи ниҳоят ҳасоси таърихи мамлакат ба талошу даъвоҳои барои сохти давлатдорӣ хатарнок қабул шудааст.
6-ноябри соли 1994 мардуми Тоҷикистон майлу иродаи худро доир ба қабули қонуни сарнавиштсоз ва муқаддаси миллӣ, санаде, ки асоси ҳастии ҷомеаро таъмин мекунад, ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад, бунёди устувори рушду такомули давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқукбунёду дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян менамояд, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар раъйпурсии умумихалқӣ изҳор доштанд. Ин ҳуҷҷат, аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аст, бинобарин дар таърихи навини кишварамон руйдоди воқеан бузург ва тақдирсоз мебошад. Ин санади муқаддас истиқлолияти давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳқиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи муосир муайян сохт.
Шарти асосии шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаи кишвар, пайвастан бо ҷаҳони мутамаддин ва дар ҷомеаи башарӣ мақоми шоиста пайдо кардани миллати бостонии мо аст. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Райъпурсии умумихалқӣ ва интихобот ҳамчун ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ эътироф шудааст. Бо назардошти ин далел халқи Тоҷикистон сарнавишти худро 6-уми ноябри соли 1994 тариқи райъдиҳии умумихалқӣ ҳуҷҷати тақдирсозро муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид.
Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Парчам ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад, воқеан ҳам санади беназирест, ки ҳуқуқи асосии ҳамагон дар он сабт гардида, саодату хушбахтии ҳар халқ ба дурустии матн ва татбиқи дурусти он вобаста аст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал мекунад. Қонунҳо ва дигар санадҳо, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз карда мешаванд.
Конститутсия, чун сарчашмаи қонунгузории миллии мо, ҳимояи ҳуқуқи инсонро ҳамчунин дар нисбати вайрон кардани ҳуқуқу озодиҳои шахс вобаста ба миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк бевосита ва аз ҷумла тавассути Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (фасли 7 «Ҷиноятҳо ба муқобили шахсият») таъмин менамояд.
Масалан, бо назардошти он, ки Кодекси ҷиноятии Ҷумхурии Тоҷикистон ( моддаи 143 ) барои қасдан, бевосита ё бавосита вайрон намудан ё маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳо ё ин ки бевосита ё бавосита муқаррар намудани бартарии шаҳрвандон вобаста ба ҷинс,нажод, миллат, забон, баромади иҷтимоӣ, мавқеъи шахсӣ, молу мулкӣ ё мансабӣ, маҳалли истиқомат, муносибат бо дин, ақида, марбут будан ба ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқук ва манфиатҳои қонунии шаҳрванд зарар расонидааст, ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар кардааст.
Ҳаёт пурарзиштарин неъмат барои инсон аст ва кассе ҳаққи аз он маҳрум кардани шахси дигареро надорад. Ҳанӯз, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар муайян карда буд, ки «ҳуқуқ ба ҳаёт ҳаққи ҷудонопазири ҳар як инсон аст» ин ҳуқуқ тавассути қонунҳо ҳифз карда мешавад.
Бори нахуст тағйиру иловаҳо ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-уми сентябри соли 1999 тариқи райъпурсии умумихалқӣ ворид карда шуданд.
Меъёри мазкур дар моддаи 5 Конститутсия дарҷ гардидааст, ки тибқи он инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои у арзиши олӣ мебошанд, Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Дар радифи ин гуфтаҳо, бори нахуст дар ин санади тақдирсоз нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ҳамчун, яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар баробарии ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия пазируфта шуд.
Вазифаҳои ҳокимияти судӣ низ иҷроиши меъёрҳои конститутсионӣ мебошад, маҳз ҳамин муқаррароти конститутсиониро судяҳои суди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти кориашон дар самти аввал мегузоранд. Ба хуби дарк менамоянд, ки дар давлати демократӣ мавқеи ҳокимияти судӣ хеле баланд аст ва бояд фаъолияти худро мутобиқи он амалӣ намоянд.
Ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ вазифаи судҳо аз ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат иборат аст.
Дастрасии адлу адолат ба халқ аз роҳу равиши мухталиф ва ба василаи фаъолияти мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад. Дар миёни ин ҳама мақомоти давлатӣ, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ба сифати аслу ҷавҳари адлу адолат таъмин менамояд нақш ва мавқеи рукни судии ҳокимияти давлатӣ муҳиму назаррас аст.
Дар воқеъ татбиқи адолати судӣ, ки тариқи ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолат сурат мегирад, маҳз аз ҷониби ин рукни ҳокимияти давлатӣ амалӣ мегардад. Ин тасодуфи нест, ки тибқи талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, мақомоти судӣ салоҳият дорад,ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ҳангоми ба вуҷуд омадани зарурият маҳдуд намояд, гунаҳгор ва бегуноҳии шахсро муайян созад, ҳаёт, қадру номус ва дигар ҳуқуқҳои инсон, инчунин манфиати қонунии шахсони ҳуқуқиро ҳифз намуда, волоияти қонун ва адолати иҷтимоиро дар ҷомеа таъмин намояд.
Татбиқи адолати суди воқеӣ яке аз роҳҳои боэътимоди эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд мебошад. Аз он ҷое, ки давлати ҳуқуқбунёд рӯи усули волоияти қонун, ҳуқуқу уҳдадориҳои давлат дар назди ҷомеа, равобити мутақобилаи шахс ва давлат устувор аст, аз ин рӯ маҳз ҳокимияти судӣ он нерӯе эътироф шудааст, ки таъмини ин ҳама усулро бар уҳда дорад. Зеро мавҷудияти чунин давлатро наметавон бидуни таъмини адлу адолат, инсоф ва озодию баробарӣ тасаввур кард.
Воқеан пешравиҳои давлат ба адолати судӣ алоқамандӣ дошта, ин омили муайянкунанда боиси таҳким ва густариш додани ҳокимияти судӣ мегардад. Хусусияти хоси адолати судӣ ба мисли мустақилияту беғаразии судяҳо ва танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат намудани онҳо, принсипҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, дар асоси баҳсу мунозира сурат гирифтани мурофиаи судӣ, баробарҳуқуқии иштирокчиёни мурофиа кафили муҳими таҳким ва рушди ҷомеаю давлат ба шумор меравад. Бояд тазаккур дод, ки бо амалӣ гаштани ин тадбирҳо судҳо фаъолияти худро ба куллӣ ҷиҳати ба амалбарории адолати судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва маъмурӣ бо дарназардошти таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва ташаккул ёфтани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.


Ёрзода Ф.Г.
Сардори шӯъбаи таъминоти
моддию техникии судҳои Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат