НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР РУШДУ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Дар ҳаёт ва саҳифаҳои таърихи сиёсии халқу миллатҳо ҳодиса ва рӯйдодҳои муҳиме мавҷуданд, ки бинобар аҳамияти калидӣ доштанашон барои онҳо тақдирсоз арзёбӣ мегарданд.
Чунин рӯйдодҳо фаҳмиш, андеша ва тафаккури ҷомеаро нисбати сарнавишт ва тақдири гузашта, имрӯза ва ояндаи худ дигар намуда, ба низоми мавҷудаи давлатдорӣ ва ҷомеадорӣ ислоҳи ҷиддӣ ворид менамоянд. Дар натиҷа ғоя ва арзишҳои миллӣ бо мазмуну мундариҷаи сифатан нав мавриди истифода ва баҳрабардории ҷомеа қарор мегиранд.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯзҳо мо дар арафаи 26 - умин солгарди қабули он қарор дорем, аз зумраи чунин руй-додҳои муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик ба шумор меравад, ки бо нақши худ дар раванди минбаъдаи давлату давлатсозии мо мавқеи хосаро ишғол менамояд.
Боиси қайд аст, ки таҳия ва қабули ин санади сиёсиву ҳуқуқӣ ба давраи басо душвори таърихи навини давлатдории мо рост омад. Новобаста аз идомаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки ба солҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, гузаронидани ислоҳоти конститутсиоинӣ дар мамлакат дар мадди на¬зари роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, алалхусус Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт.
Роҳбари давлат ба хуби дарк мекард, ки яке аз вазифаҳои асосии марҳилаи аввали истиқлолияти давлатӣ- ин ба маҷрои конститутсионӣ ворид намудани давлат, фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳо-кимияти давлатӣ ва шаҳрвандони мамлакат ба шумор меравад. Сарвари давлат эҳсос мекард, ки Конститутсияи соли 1978-и давраи шӯравӣ ба таҳаввулот ва дигаргуниҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва ҳуқуқие, ки дар Тоҷикистон ба амал омада буданд, созгор нест.
Бахусус, он тағйироту иловаҳои беасоси дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери фишори майдонҳо ва гурӯҳҳои алоҳида ба Конститутсия воридшуда ба манфиати давлат ва ҷомеа на¬буда, вазъи ҷорӣ ва воқеияти Тоҷикистонро ифода карда наме¬таво¬нистанд.
Чуноне Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдтар дар суханронии худ ба муносибати 15 умин сол¬гарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон зикр карда буданд, «танҳо дар со¬ли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Олӣ даҳ ма¬ротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, 2 Президент ва 5 Ҳукумат иваз гардиданд, ки дар маҷмӯъ вазъи ҷомеаро на ором, балки бениҳоят му¬раккаб ва ноором сохт.»
Дар муддати зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи бештар аз ҳаш-туним ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурун-марзӣ ба Шӯрои Олӣ ворид гардид. Ҳамзамон, лоиҳаи Конс¬титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби як зумра мутахассисони киш¬варҳои ҷаҳон, аз чумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бритониёи Кабир, Россия ва чанд кишвари дигар баҳои сазовор гирифт. Коршиносони Соз¬мони Милали Муттаҳид, Шӯрои амният ва ҳамкории Аврупо ва соз¬монҳои дигари байналмилал низ ба лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд доданд.
Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъ鬬пурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар ё ки 94,4% ширкат варзиданд. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар, ё ки 87,59%, муқобили Кон¬ститутсия 105300 нафар, ё ки 3,92% овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвар маъқул дониста шуда, қабул гардид
Дар он давра Роҳбарияти давлат ва Ҳукумат, дарк менамуданд, ки прин¬сипҳои асосии давлат ва давлатсозии тоҷикон, ки дар аввалин са-надҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, аз қабили Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии То-ҷикистон (24 августи соли 1990), Изҳорот дар бораи истиқлолияти дав-латии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии То-ҷикистон «Дар бораи эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри соли 1991) эълон гашта буданд, бояд ҳукми конститутсионӣ гирифта, дар Конститутсия инъикоси худро ёбанд.
Зеро дар санадҳои зикршуда бори нахуст чунин арзишҳои муҳими далатдорӣ, аз ҷумла масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷи- кистон ва давлати миллии он, ҳуқуқи ҳар ҳалқ дар таъмини сарнавишти худ, эҳтироми тамоми халқу миллатҳо, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як инсон, инчунин як қатор арзишҳои умумиэътирофшудаи дав-латдории демократӣ, аз қабили: бунёди давлати демократӣ, соҳибихтиёр ва ҳуқуқбунёд, арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқу озодиҳои он, ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии То-ҷикистон, сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, бисёр¬ҳизбӣ, инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиё¬сӣ ва мафкуравӣ, мустақилияти давлат дар муносибатҳои бай¬налмилалӣ ва эътирофи шаклҳои гуногуни моликият эълон гардида буданд.
Дар миёни арзишҳои умумиэътирофшудаи зикргардида, принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар низоми давлатдории демократӣ ва ҳу-қуқбунёд мавқеи хоса дошта бошад ҳам, аммо он бори аввал дар банди 3 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардид, ки тибқи он «ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ҳоки¬мияти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад».
Ин назария дар тамоми тӯли таърихи давлатдории тоҷикон, алалхусус дар давраи дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ будани он низ барои давлатдории мо бегона буд.
Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бори на¬хуст дар даврони соҳибистиқлолӣ рӯзи 6 уми ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ сурат гирифт, арзишҳои зикршуда дар боби асос¬ҳои сохтори конститутсионӣ ва дигар бобҳои Конститутсия ҷой на¬моёни худро ёфтанд.
Ҳамиин тариқ, 26 сол муқаддам, мардуми шарафманди вବтани ази-замон бо сад ҷаҳон орзуву умед ва ниятҳои нек ба оян¬даи ватану ми묬лати худ, нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худ¬ро қабул карда, барои дар заминаи ар¬зиш¬ҳои умиэъ¬ти¬роф¬шудаи ҷомеаи башарӣ ва арзишҳои таъ¬рихию фарҳангии халқа¬мон бунёд намудани давлат, пеш-бурди дав¬лат¬дорӣ ва давлат¬созӣ роҳи васеъро кушод.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмо¬малӣ Раҳмон моҳияти сиёсию иҷтимоӣ ва таърихии Конститутсияро чун ҳуҷ-ҷати тақдирсози миллат ба хубӣ дарк карда, онро сарчашма ва бақои давлату миллат арзёбӣ кард.
Аз ҷумла, 23 аперли соли 2014 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷум-ҳурии Тоҷ謬кистон бори дигар таъкид на¬муданд, ки «Конститутсия ба¬рои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқ¬лолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё кар¬¬да, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз пବрокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати ра¬сидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он мар¬ҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақ¬дирсозу ҳалкунанда бозид».
Конститутсия давлатро фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимият, дастгоҳи давлатӣ ва роҳбарияти сиёсии кишварро ба маҷрои конститутсионӣ равона намуд. Давлат тамоми имконият ва захираҳои мавҷудаи худро барои раҳоӣ ёфтан аз ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва якпорчагии давлат, баргардо¬нидани ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифз ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд сафарбар намуд.
Давлат ва Ҳукумат баъд аз қабули Конститутсия, ки он амалан муносибати ҷомеа ба давлат буд, ба дурустии сиёсати пешгирифтаи худ ва дастгирии он аз тарафи аксари кулли шаҳрвандони мамлакат ит¬минони комил ҳосил намуда, ҷасурона ба фаъолияти созандагию бунёдкорона даст зад, ки минбаъд музаффарият ва пешравиҳо онро ҳамроҳ буд.
Ҳамин буд, ки конститутсияи қабулшуда баъдан аз ҷониби кор-шиносони байналмилалӣ баҳои сазовор гирифт.
Конститутсия ба таъсиси як қатор ниҳодҳои нави давлатдорӣ ва ҷомеаи демократӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ шароити мусоиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам овард.
То истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули са- надҳои зикршудаи сиёсию ҳуқуқӣ, аз ҷумла Конститутсияи мамлакат, мафҳуми ҳокимияти судӣ, дар қонунгузорӣ ва адабиёти илмӣ дида намешуд ва фаъолияти ҳуқуқии суд ҳеҷ гоҳ ба сифати ҳокимият арзёбӣ намегардид.
Ҳамин тариқ, давлат ва роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон садоқати худро ба арзишҳои эътирофшудаи умумибашарӣ, ки натиҷаи рушду ин-кишофи афкори сиёсӣ ва ҳуқуқии инсоният мебошанд, иброз дошта, онҳоро дар баробари арзишҳои миллии худ мавриди истифода ва арзёбӣ қарор додаанд. Барои рушди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти судӣ дар мамлакат имконияти васеъ фароҳам оварда шуд.
Тибқи Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил мебошад ва он аз номи давлат ва аз тарафи судҳо амалӣ мегардад. Он ҳуқуқу озодиҳои ин¬сон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Абдуллозода Ф.А.
Мутахассиси пешбари
шӯъбаи таъминоти
моддию техникии судҳои Суди Олӣ


Бозгашт ба рӯйхат