7 апрели соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ҳафтаина бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.
Дар маҷлис масъалаҳои муҳими корӣ, аз ҷумла риояи интизоми меҳнат, сарти вақт пешниҳод намудани парвандаҳо ва қарорҳои судӣ, инчунин баррасии пурра ва дақиқи онҳо мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ҳамчунин, масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ барои гузаронидани санҷишҳои зарурӣ барои судяҳо қайд карда шуд. Гурӯҳи санҷишгарон, ки ба шаҳру ноҳияҳо мерафтанд, таъкид карданд, ки ба санҷишҳо бо ҷиддият муносибат намоянд ва дар аввалин дараҷа риояи тартибу интизомро таъмин созанд.
Аттестатсия ва баррасии талабот, шароити аттестатсияи кормандон ва зарурати такмили донишу малакаи касбӣ низ мавриди таваҷуҳ қарор гирифт. Тадорукоти дуруст ва даъвати шахсони зарурӣ барои минбаъдаи конфронси занон низ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, масъалаи муносибатҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо хориҷиён ва судяҳои занон дар Осиё таҳлил гардид. Маълумот барои ҳисобот ба ҷамбасти шашмоҳа таҳия шуд ва санҷишҳои минтақавӣ бо мақсади назорат ва тадбиқи дурусти интизоми судӣ анҷом дода шуданд.
Дар фарҷоми маҷлис, Раиси Суди Олӣ ҳамаи кормандонро ба иҷрои масъулиятноки вазифаҳои худ даъват намуда, зарурати тақвияти назоратро дар ҳама сатҳҳо таъкид карданд.