ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО БО ВАКИЛОНИ ПАРЛУМОН

 Рӯзҳои 5-6 июни соли 2026 дар ососишгоҳи Сароби ноҳияи Варзоб барои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқ ва амалигардонии муқаррароти “Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” чорабинии омузишӣ баргузор гардид.

WhatsApp Image 2026-06-07 at 19.04.03.jpeg

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори СММ-Занон (UN Women) ва Идораи Комиссари олии СММ доир ба ҳуқуқи инсон (OHCHR) баргузор гардида дар кори чорабинӣ судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф бо маъруза баромад намуд.

Номбурда қайд намуд, ки ҳокимияти судии мамлакат ҷиҳати таъмини баробарии гендерӣ, аз ҷумла таъмини дастрасии занон ба адолати судӣ нақши калиди дошта, судҳои ҷумҳурӣ вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ тадбирҳои судмандро зимни баамалбарории адолати судӣ амалӣ намуда истодаанд.

WhatsApp Image 2026-06-07 at 18.37.46.jpeg

Илова шуд, ки такмил ва қабул намудани санадҳои қонунгузорӣ, ки ба рушди амалияи судии мутавозӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ мусоидат мекунанд, ба таъмини дастрасии аҳолӣ, аз ҷумла занон ба адолати судӣ шароит фароҳам меорад.

Бо вакилони Парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои СММ дар Тоҷикистон масъалаҳои роҳандозӣ намудани ҳамкориҳои судманд вобаста ба таъмини иҷрои Нақшаҳои милии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаву сохторҳои вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон мавриди муколама қарор дода шуд.

Дар якҷоягӣ бо намояндагони ҳокимияти судӣ ва қонунгузор баргузор намудани чунин чорабиниҳо барои дар асоси амалияи судӣ боз ҳам беҳтар намудани таҷрибаи таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ имкониятҳои фарохро фароҳам меорад.

 

 

 

 

 


Бозгашт ба рӯйхат