Дар доираи нақшаи кории тасдиқгардида ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вохӯрии навбатии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Шарифзода Иноятулло Шарифҷон, Амонзода Намоз Шариф, Мирзозода Мавлуда Зайнӣ, Қурбониён Сафаралӣ Алихон ва судяҳои суди ноҳияи Шоҳмансур — Муродзода Ардашер ва Маҳмадхонзода Зафар бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид.
Ҳадафи асосии баргузории вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби эҳтиром ба қонун, таҳкими худшиносии миллӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.
Дар рафти ҳамоиш судяҳои Суди Олӣ Шарифзода Иноятулло Шарифҷон ва Амонзода Намоз Шариф дар мавзӯъҳои «Нақши ҳокимияти судӣ дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон» ва «Ваҳдат – пояи сулҳ ва суботи ҷомеа» маърӯза намуда, оид ба нақши мақомоти судӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими адолати судӣ ва аҳамияти ваҳдати миллӣ дар рушди давлату ҷомеа андешаронӣ карданд.
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, бахусус ҷавонон, яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд буда, эҳтиром ба қонун ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ заминаи асосии рушди устувори давлат маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дастоварди бузургтарини даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки маҳз бо талошҳои пайгирона, сиёсати хирадмандона ва иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизи мо аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ раҳо гардида, барои барқарорсозии сулҳ, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори мамлакат заминаҳои боэътимод гузошта шуданд. Имрӯз ваҳдати миллӣ ҳамчун неъмати бебаҳо ва дастоварди таърихии миллат барои пешрафти давлату ҷомеа хизмат намуда, ҳифз ва таҳкими он вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, устодону донишҷӯён ба масъалаҳои марбут ба фаъолияти мақомоти судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, нақши ҷавонон дар таҳкими қонуният, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрами рӯз таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби судяҳо ҷавобҳои мушаххас ва муфассал дода шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди ҳамаҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ҷавонон бояд дастовардҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қадр намуда, дар ҳифз ва таҳкими онҳо саҳми арзандаи худро гузоранд.
Ҳамоиш дар фазои созанда, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми мутақобила ба анҷом расид.




.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
