ПАРЧАМ ҲАМЧУН МУҚАДДАСОТИ МИЛЛИИ ДАВЛАТДОРӢ

Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангию сиёсии ҷомеа буда ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як Тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Ҳамаи рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ як вазифаро иҷро намуда, дорои як ҷараён мебошанд-онҳо давлатеро муаррифӣ мекунанд, ки мақсаду вазифаҳои он дар ин рамзҳо ҷойгир шудааст. Онҳо ҳамон нақшеро, ки номи давлат мебозад, иҷро мекунанд, яъне вазифаи асосии онҳо хабар додан ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар хусуси чӣ гуна будани ин ё он давлат мебошад. Дар маҷмуъ номи давлат ва рамзҳои он дарбаргирандаи як мафҳуманд. Аз мафҳуми рамзҳои давлатӣ бармеояд, ки онҳо аҳамияти муҳими сиёсӣ-ҳуқуқӣ дошта, моҳияти он пеш аз ҳама аз эҳтироми мардум ба Парчам, Нишон ва Суруди Миллии худ шаҳодат медиҳад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни рамзҳои давлатӣ яке аз мавқеи асосиро ишғол намуда, он таҷассумгари ғояи миллии давлати Тоҷикистон мебошад.
Асоси ҳуқуқии рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама сарчашма мегирад аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи моддаи 3-юми Конститутсия, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
Дар ин замина Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12-уми майи соли 2007 мавриди амал қарор дода шудааст, ки то қабули қонуни мазкур масъалаҳои марбут ба парчами давлатӣ аз ҷониби низомнома “Дар бораи Парчами давлатӣ”, ки бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми декабри соли 1999 тасдиқ шуда буд ба танзим медароварад.
Дар муқаддимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омада шудааст, ки «Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ» рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Яъне ин се рамзи номбаршуда рамзҳои асосии соҳибихтиёрии давлат ва таҷассумгари мероси таърихию-фарҳангии мардуми тоҷик буда, руҳбаландӣ ва арзишмандии ин мардуми куҳанбунёдро дарҷ менамояд. Ҳар як рамзҳои давлатӣ нишона аз тайкунии роҳи таърихии давлат ва мардуми тоҷик мебошад.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ, Парчам ин ифодагар ва мансубияти шаҳрвандони тоҷикро ба давлати Тоҷикистон ифода менамояд. Яъне агар шаҳрвандӣ ин робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии байни шахс ва давлат бошад, дар ин робита нақши асосиро пачами давлатӣ иҷро мекунад. Яъне парчам ин ифодагари мансубияти шахсро ба давлат нишон медиҳад.
Масъалаи истифодаи Парчами давлатӣ, хеле муҳим буда риоя намудани талаботи қонун нисбати он ба шаъну шарафи давлатдорӣ вобастагӣ дорад.
Тибқи моддаи 5 – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки мувофиқи он парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- дар қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мутобиқи оинномаҳои ҳарбӣ), гузаргоҳҳо, дидбонгоҳҳо ва нуқтаҳои гумрукии Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчунин дар ҷойҳои истироҳатии шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо ба сифати рамзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохтан мумкин аст. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо арзи эҳтиром Парчами давлатиро истифода намоянд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин афрохта мешавад:
- дар воситаҳои нақлиёти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони ҳайатҳои давлатӣ ва ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва ё шахсони дигар мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии раъйдиҳӣ;
- дар рӯзҳои ид ва ҳангоми баргузории чорабиниҳои тантанавӣ дар иншооту биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоиву маишии давлативу хусусӣ, биноҳои истиқоматӣ, ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, боғҳо, хиёбонҳо, гулгаштҳо;
Мутобиқи моддаи 6-и қонуни ҶТ «Дар бораи Рамзҳои давлатӣ» тасвири Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад:
- дар ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва киштиҳое, ки дар қайди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
- дар асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ва лотереяҳои пулию молии давлатӣ;
- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи вакили Маҷлиси маҳаллии вакилони халқ ва вакили ҷамоат;
- дар нишони сарисинагии хизматчиёни давлатӣ;
- дар ҷойҳои истироҳати шаҳрвандон, хиёбонҳо, гулгаштҳо, лавҳаҳои телевизионӣ ва дигар нашрияҳои давлатӣ ҳамчун рамзи давлатӣ;
- дар аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷикистон ҳамчун субъекти комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда аъзои чандин созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ба ҳисоб мераванд. Дар ин раванд ҷойгоҳи парчам дар муносибатҳои байналмилалӣ хело муҳим буда ба он диққати хос додан зарур мебошад.
Истифодаи парчами давлатӣ ҳамчун ифодагари манфиати Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ шукуҳу шаҳомати хоса пайдо мекунад. Аз рӯи принсипи парчам дар институти амали қонун дар макон, муносибатҳои ҳуқуқие, ки дар макони киштии ҳавоӣ ё обии зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракаткунанда ҷой дорад, новобаста аз макони қарордоштаи кишти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад. Яъне дар ин фазо юрисдиксияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
Аҳамияти сиёсии Парчами давлатии Тоҷикистон дар партавшонии он дар Созмонҳои байналмилалӣ, сафоратхона ва консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кишти ва ҳавопаймои Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода гашта, беэҳтиромии парчами давлатӣ аз тарафи ин ё он мақомоти давлатии хориҷа маънии зоҳир кардани беэҳтироми ба давлати Тоҷикистонро дорад.
Эҳтиром гузоштан ба давлат ин аз эҳтироми рамзҳои давлатӣ сарчашма мегирад.
Аз лиҳози ҳуқуқӣ аксари шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла аз ҷониби ҳар се шохаи ҳокимият, аз ҷумла: ҳангоми савган ёд кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳое, ки бори аввал ба мансаб таъин карда мешаванд, узви маҷлиси миллӣ ва вакилони маҷлиси намояндагон ва аксар шахсони мансабдори хизмати давлатӣ, ки бори аввал ба мансаби хизмати давлатӣ таъин карда мешаванд, дар назди парчам ва дигар муқаддасоти миллӣ савганд ёд мекунанд.
Мо бояд дар дили ҳар фард аз синни кӯдакӣ нангу номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ, ҳисси бузурги эҳтиромро ба рамзҳои муқаддаси давлат – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ тарбия намоем.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари мустақилият ва волоии ҳокимияти давлатии Тоҷикистон буда, эҳтироми он ва расидан ба қадри он вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи тоҷик мебошад.
Судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Раҳмон Д.С.



Бозгашт ба рӯйхат