САФАРИ ОМУЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ГААГАИ ПОДШОҲИИ НИДЕРЛАНД

Рӯзҳои 3-4 июни соли 2026, дар шаҳри Гаагаи Подшоҳии Нидерланд судяи Суди Олӣ муҳтарам Аланазарзода Шароф дар сафари омузишӣ вобаста ба имконияти эътирофи далелҳои дар шакли электронӣ дар хориҷа ташаккулёфта, ширкат дорад.

WhatsApp Image 2026-06-03 at 15.51.00.jpeg

Сафари омузишӣ дар доираи лоиҳаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таҳти унвони “E-VIDENCE:Дархости далелҳои электронӣ дар саросари марзҳо” баргузор шудааст.

Дар Вазораи адлияи Иттиҳоди Аврупо зимни суханронӣ намояндаи Тоҷикистон қайд намуд, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2025, №552 Нақшаи амал оид ба содагардонии расмиёти савдои беқоғазии наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Илова карда шуд, ки Суди Олӣ бо вазорату идораҳо дар доираи гурӯҳи кории байниидоравӣ масъалаи имконияти эътирофи далелҳои дар шакли электронӣ дар хориҷа ташаккулёфтаро омухта, ҷиҳати такмил додани заминаи ҳуқуқии мамлакат вобаста ба эътирофи далелҳои электронӣ дар асоси таҷрибаҳои пешқадам омухта истодааст.

WhatsApp Image 2026-06-03 at 15.51.08 (1).jpeg

Ҳадаф аз баргузории давраи омузишии мазкур шинос шудан бо таҷрибаи пешқадами ҷаҳони муосир дар самти муқовимат бо ҷиноятҳои дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, аз ҷумла терроризм ва экстремизм содирмешуда, инчунин, тартиби ҷамъоварӣ ва эътирофи далелҳои электронӣ мутобиқи санадҳои қонунгузории давлатҳои минтақа,  баррасии равишҳо марбут ба таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои давлатӣ оид ба тартиби эътирофи мутақобилаи далелҳои электронӣ маҳсуб меёбад.

Зикр шуд, ки ба роҳ мондани ҳамкориҳои муштараки низомҳои ҳифзи ҳуқуқ ва судҳо дар самти таъмини амнияти иттилоотӣ аз ҳамлаҳои киберӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ мубрам ва саривақтӣ мебошад, зеро, имрӯз иттилоот ба объекти ба таври махсус ҳифзшаванда табдил ёфта ба механизмҳои ҳифзи самаранок ниёз дорад.

Иштирок дар чорабинии мазкур имконияти омузиши амалияи давлатҳои Аврупоро дар самтҳои мубориза бо ҷиноятҳои киберӣ, терроризму экстремзм ва роҳҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ғанӣ гардонида, омузиши таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дар ин самт, метавонад дар такмили Кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда шаванд.


Бозгашт ба рӯйхат