3 июни соли 2026 дар МТМУ №44-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи Ҳучамбиёни поёни ноҳияи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ судяҳои Суди Олӣ Шуҳратзода Улуғбек, Солеҳзода Зарина Тағойназар ва судяҳои суди И. Сомонӣ иштирок намуда, масъалаҳои пешгирии терроризм ва экстремизм, содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ноболиғон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, риояи талаботи қонунгузорӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда тавзеҳоти зарурӣ дода шуда, ба саволҳои онҳо посух пешниҳод гардид.


.jpg)





.jpg)

.jpg)

.jpg)
