Таъиноти кадрӣ 11/04/2018

Имрӯз бо натиҷагирӣ аз фаъолияти баъзе вазорату идора, сохторҳои низомӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағироти кадрӣ ба амал бароварда, онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст Сардори давлат ҳозиринро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбариашон ҳидоят намуданд.

Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканди ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос таъин карда шуданд. Мутобиқи банди 8-и моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.




Бозгашт ба рӯйхат