ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПАС АЗ БА ИМЗО РАСИДАНИ СОЗИШНОМАИ ИСТИҚРОРИ СУЛҲ

Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихии асри XX барои миллати тоҷик, бе шубҳа, ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия сурат гирифт.

Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ба ҷанги дохилии харобиовар хотима бахшид ва заминаи мустаҳкамеро барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди устувори кишвар гузошт.

Дар шароити пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, Тоҷикистон ба марҳилаи душворе ворид гашт. Аз як тараф, кишвар фалаҷ гардида, садҳо ҳазор нафар кушта ва муҳоҷир шуда буданд ва аз тарафи дигар, роҳи ягона барои наҷоти давлат ва миллат - ваҳдати миллӣ ва гуфтугӯи созанда миёни тарафҳо буд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуфтугӯи миллӣ роҳандозӣ ва сулҳи пойдор таъмин карда шуд. Дар натиҷа, якчанд самтҳои калидӣ дар таҳкими ваҳдат ва рушди ҷомеа амалӣ гардиданд.

Пас аз соли 1997, Тоҷикистон ба кишвари дорои суботи нисбии сиёсӣ табдил ёфт.

Муқаррароти Созишнома иҷро гардид, гуруҳҳои мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла Иттиҳоди неруҳои мухолифин, ба ҳаёти сиёсӣ ворид карда шуданд. Фаъолияти парлумон ва сохторҳои ҳокимият тақвият ёфтанд.

Барқарорсозии шоҳроҳҳо, пулҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо оғоз ёфт.

Дар давраи солҳои 1997-2024 Маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба маротиб афзуд.

Низоми бонкдорӣ ва савдои озод тадриҷан рушд ёфт.

Сохтмони даҳҳо муассисаи таълимӣ дар тамоми қаламрави кишвар амалӣ гардид.

Барномаҳои тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот татбиқ шуданд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои муҳим, аз ҷумла Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва дигар созмонҳои минтақавӣ пазируфта шуд.

Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ба таври васеъ пазируфта шуданд.

Сулҳи тоҷикон ҳамчун намунаи беназири сулҳофаринӣ дар доираҳои Созмони Милали Муттаҳид арзёбӣ мешавад.

Дар соҳаи иқтисоди миллӣ дастовардҳо дар заминаи тахқими ваҳдати миллӣ тавонист ба рушди саноат, кишоварзӣ, инфрасохтор ва соҳибкорӣ мусоидат намояд.

Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон на танҳо падидаи сиёсӣ, балки арзиши муқаддаси маънавӣ ва омили асосии рушди устувори иқтисоди миллӣ ба шумор меравад.

Ба имзо расидани Созишномаи сулҳ танҳо оғози роҳи пурмашаққат буд, ки бо иродаи мардуми тоҷик ва сиёсати ваҳдатофарини давлат тадриҷан самар овард.

Имрӯз, Тоҷикистон бо роҳи сохти давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон ҳамчун дарси таърихӣ барои ҷаҳон арзишманд боқӣ мемонад.

Ваҳдати миллӣ ва иқтисоди устувори иқтисоди миллӣ ду рукни муҳимми ҳастии ҳар давлату миллат мебошанд. Агар ваҳдат пояи суботи сиёсӣ бошад, пас рушди иқтисоди миллӣ натиҷаи амнияти доимӣ ва сиёсати оқилонаи давлатдорӣ ба шумор меравад.

Дар таърихи навини Тоҷикистон, маҳз ваҳдати миллӣ, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, шарти асосии рушди иқтисоди миллӣ, эҳёи инфрасохтор ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум гардид.

Дар солҳои аввали пас аз истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи сахт зад. Корхонаҳо баста шуданд, садҳо ҳазор нафар бе кор монданд, роҳу пулҳо вайрон шуданд.

Бе субот ва бе ваҳдат ҳеҷ як сармоягузор ё соҳибкор таваккал намекард, ки дар чунин шароит фаъолият кунад.

Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, роҳ барои эҳёи иқтисоди миллӣ кушода шуд.

Ҳамчунин, таҳкими ваҳдати миллӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таъсири ногузир расонид. Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба маротиб рушд кард. Даромади миёнаи аҳолӣ афзуд ва сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфт. Сармоягузории хориҷӣ дар давраи пас аз ваҳдат ба таври мунтазам афзоиш ёфт.

Сохтмони иншооти бузурги аср-нерӯгоҳи барқи обии Роғун, нақбу роҳҳои автомобилгард, мактабҳо ва марказҳои тиббӣ ҳамчун натиҷаи бевоситаи ваҳдат ва сиёсати созанда сурат гирифт.

Сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст омадани сулҳ ба рушди бахшҳои зерин равона карда шуд:

Якум, таъмини амнияти озуқаворӣ.

Тоҷикистон, ки як кишвари кишоварзӣ ба ҳисоб меравад, амнияти озуқавориро яке аз ҳадафҳои асосии стратегияи миллии рушди худ қарор додааст ва ин самт ба тадриҷ рушд карда истодааст.

Дуюм, ҷалби сармоя ва рушди соҳаи энергетика.

Соҳаи энергетика калиди рушди иқтисоди муосир аст. Тоҷикистон бо захираҳои бузурги обӣ имкони тавлиди нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза дорад. Сармоягузорӣ ба ин соҳа пас аз ба даст омадани сулҳ авлавият пайдо кард.

Сохтмонҳои азими неругоҳҳои барқи обӣ амалӣ шуда истодаанд. Содироти неруи барқ зиёд гардидааст.

     Сеюм, тақвияти соҳаи кишоварзӣ ва саноати сабук.

Соҳаи кишоварзӣ ва саноати сабук ду бахши асосии шуғл ва содирот дар Тоҷикистон мебошанд. Онҳо заминаи муҳимми рушди иқтисоди миллӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватаниро ташкил медиҳанд.

Мардум ба истифодаи замин дастрасии комил пайдо карданд.

Татбиқи барномаҳои қабулгардида бо маром амалӣ гардиданд ва ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд.

Чорум, пешбурди сиёсати дарҳои боз ва рушди соҳибкории хурду миёна.

Соҳибкории хурду миёна яке аз муҳаррикҳои асосии иқтисоди бозорӣ мебошад. Бидуни рушди соҳибкории хурду миёна таъмин намудани шуғл, рақобат ва истеҳсолоти маҳаллӣ ғайриимкон аст.

Сиёсати иқтисодии Тоҷикистон пас аз ба даст омадани сулҳ ба шаклгирии як модели иқтисоди устувор равона гардидааст. Ҳар як бахш - аз таъмини амнияти озуқаворӣ то рушди соҳибкорӣ - бидуни сулҳ ва ваҳдати миллӣ муяссар намегардид.

Имрӯз, натиҷаҳои ин сиёсат на танҳо дар рақамҳо, балки дар сатҳи зиндагии мардум, иқтисоди устувор ва эътимоди сармоягузорон намоёнанд.

Ҳамаи ин тадбирҳо бо пуштибонии ваҳдати миллӣ ва суботи дохилӣ амалӣ гардиданд.

Имрӯз рушду нумӯи иқтисодии Тоҷикистон маҳсули заҳмати ҳамешагии мардум дар фазои оромиву ваҳдат мебошад.

Бе ваҳдати миллӣ, бе суботи сиёсӣ ва ҳамгироии мардум ҳеҷ гуна пешрафти иқтисодӣ имкон надошт. Ҳамин аст, ки ваҳдати миллӣ на танҳо як арзиши ахлоқиву сиёсӣ, балки асоси бунёдии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад.

Изображение WhatsApp 2025-06-30 в 09.30.51_08d0c535.jpgСудяи Суди Олӣ                                                                               

Назарзода Д.Қ.


Бозгашт ба рӯйхат