ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ ДАР МИЗИ МУДАВВАР

Рӯзи 1 марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 мизи мудаввар дар мавзӯи «Оилаи солим бидуни хушунат ва пошхӯрӣ» баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари САҲА дар Душанбе иштирок намуда, нуқтаи назари худро оид ба масоили оила дар ҷомеаи муосир, чораҳо ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон такмили қонунгузорӣ амалкунанда дар ин самт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон суханронӣ намуданд. 

Дар рафти чорабинӣ аз ҷумла судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобзода Шаҳло Ҳотам дар мавзӯи «Таъмини дастрасии занон ва кӯдакон ба адолати судӣ» бо маърўза баромад намуда оид ба мушкилиҳое, ки зимни баррасии парвандаҳои оилавӣ дар бораи бекор кардани ақди никоҳ, маскун намудан ба манзили истиқоматӣ, муайян намудани ҷойи зисти кӯдакон ва хушунат дар оила дар таҷрибаи судӣ ҷой доранд, қайд намуд. 

Ҳамзамон аз ҷониби иштирокчиёни мизи мудаввар як қатор таклифҳо ҷиҳати такмил додани қонунгузорӣ дар ин самт пешниҳод карда шуданд.


Бозгашт ба рӯйхат