Санаи 24 майи соли 2024 дар ҳошияи таҷлили “Рӯзи ҷаҳонии футбол”, ки бо ташаббус ва пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии СММ қабул карда шудааст, мусобиқаи дӯстонаи “Футболи хурд” бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони ҳокимияти судӣ, барои дарёфти Ҷоми Суди Олии иқтисодӣ - 2024 баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодӣ муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ташаббуси созанда ва саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани 25 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” ва пазируфта шудани ин ташаббус аз ҷониби СММ суханронӣ намуданд.
Дар ин мусобиқа дастаи футболбозони Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва маҳорати баланди бозии футболро нишон дода, сазовори ҷойи якум бо медал ва Ҷоми Суди Олии иқтисодӣ-2024, Суди шаҳри Душанбе ҷойи дуюм ва сазовори медал, Суди конститутсионӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ҷойҳои сеюм ва бо Сипосномаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Мусобиқа дар фазои дӯстона доир гардид.