МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ–АСОСИ РУШДИ ҶОМЕАИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА НАҚШИ СУД ДАР БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ

Паёми Пешвои миллат яке аз руйдодҳои муҳим арзёбӣ мегардад, зеро ин санади сарнавиштсоз, кору фаъолияти ҳаряки моро муаррифӣ намуда, самту роҳи расидан ба зинаҳои нави рушдро равшан месозад.
Ҳар сол, дар ҳар паём аз ҷониби Сарвари давлат вазифаҳои тақдирсози нав ба нави баландарзиш гузошта мешавад, ки имруз моро ба марҳилаҳои шукуфоӣ ва ободонӣ ҳидоят менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 28 декабри соли 2023 бори дигар аҳамияти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишварро таъкид намуда, чунин қайд доштанд: «Бояд гуфт, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад».
Маҳз ҳамин нуқтаро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат соли 2024-ро ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намуданд.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ин иқдоми Сарвари кишвар саривақтӣ ва муҳим ба шумор рафта, баҳри дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии сокинон бахусус ҷавонони мамлакат нақши бисёр муҳим дорад. Махсусан дар даврае, ки тамоми ҷаҳонро танишҳои гуногуни ҳарбиву сиёсӣ ва геополитикӣ фарогир буда, ин гуна «бозиҳои сиёсӣ»-и қудратхоҳони ҷаҳонӣ ба ҳастии кишварҳои миллӣ таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд, баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бисёр муҳим мебошад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти аҳолии мамлакатро ҷавонону наврасон ташкил менамояд. Ҳарчанд ҳуқуқ ҳамчун предмети таълимӣ дар муассисаҳои миёна ва баъдан дар макотиби олӣ таълим дода шавад ҳам, вале сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар то ҳол ба талаботи ҷомеаи мутамаддин ҷавобгӯ нест. Омили асосии онро маҳз рӯз ба рӯз ташаккул ёфтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тағйирот дар низоми қонунгузории кишвар ташкил менамояд. Аз ин ҷост, ки донистан ва аз худ намудани ҳуқуқҳои аввалини инсон ва махсусан ҳуқуқҳои асосии инсон ва шаҳрванд аз вазифаи асосии ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла баҳри дар амал татбиқ намудани арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад.
Дар ин самт нақши фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бомаврид, саривақтӣ ва назаррас ба ҳисоб мерафт. Зеро, худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид.
Инчунин, қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ намуд.
Аз ин ҷо, хулоса намудан мумкин аст, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти роияи бечунучарои қонунгузории кишвар имконпазир аст.
Баъдан, боз мақсади боз ҳам ҳисси масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун, бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъолнокии сиёсии аҳолии ҷумҳурӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 29 апрели соли 2009 №253 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» - ро қабул намуд.
Баҳри расидан ба ҳадафҳои зерин аз қабили баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кӯдакону наврасон, ҷавонону донишҷӯён инчунин баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарон ва кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ, мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти давлатӣ аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ, мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ, ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурӯҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ ва коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ намуд.
Бо ба итмом расидани муҳлати амалӣ Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаи баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро меҳвари асосии сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст, аз 27 ноябри соли 2019, №599 бори севвум «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2030» қабул ва мавриди амал қарор дод.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқубунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон дар амалисозии ҳуқуқу уҳдадориҳо ва вазифахои худ хеле муҳим мебошад.
Аммо, мутаассифона, мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҷиноят зада қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки он яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳо маҳсуб меёбанд.
Мувофиқи таҳлилҳои равоншиносон ва коршиносону мутахассисони соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ, заминаи асосии ташаккули ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии аҳолии мамлакат ташкил менамояд. Маҳз тавассути баланд бардоштани саводнокӣ, дарк, тафаккур ва маърифати ҳуқуқӣ метавон дар замири аҳолӣ маданияти ҷомеаи демократиро бедор намуд ва бо ин ба ҳадафи муҳимтарини бунёди ин ҷомеа ноил гардид. Таҷрибаи мамлакатҳои пешрафтаи аврупоӣ ва ғарбӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маҳз донистани уҳдадориҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва дарки масъулият нисбати иҷрои онҳо метавонад, давлатҳоро ба рушди аркони давлатдорӣ расонида бошад.
Тоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол аллакай дар давраи қабули Конститутсияи муосири худ бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобида буд. Бо ин Ҳукумати кишвар эълон намуд, ки дар кишвар ҷомеаи худогоҳ ва соҳибихтиёрро тарбия намуда, дар таъмини адолати иҷтимоӣ саҳми муносиби худро мегузорад. Хушбахтона, давоми муддати зиёда аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар ҳамаи заминаҳои меъёриву ҳуқуқии давлатдории миллӣ таъмин гардида, дар мамлакат як қатор санадҳои зарурӣ, ки ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро ба танзим медарорад, қабул карда шуд.
Бо қабули ҳамаи заминаҳои ҳуқуқии пешбурди фаъолияти рӯзмарраи ҷамъият дар кишвар зарур шуморида мешавад, ки барои таъмини риояи беҳтари ин қонунҳо ва иҷрои уҳдадориҳои дуҷонибаи давлату шаҳрвандон бояд дар кишвар сатҳи саводнокии ҳуқуқӣ ва маърифати риояи ҳуқуқӣ боло бардошта шавад. Бояд гуфт, ки бе ташаккули шуури ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ риояи талаботи қонун ва дарки моҳияти ҳуқуқу ӯҳдадориҳо аз ҷониби шаҳрвандон ғайриимкон мебошад.
Дар маҷмӯъ, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» метавонад сабабу омилҳо ва мақсади зеринро доро бошад:
- пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолии кишвар, ки ҷиноят ва ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ кам ва боиси ташаккули аркони ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ гардад;
-пешгирии ҷавонон ва наврасон аз даст задан ба амалҳои номатлуб, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ;
- баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон ба таҳсил, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, зиёд намудани озмунҳои мухталифи соҳавӣ ва афзоиш додани иштироки ҷавонон дар маҳфилҳои мазкур;
-баланд гардидани саводи сиёсӣ, ҷаҳонбинии навли наврас ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат дар раванди қабули қонуну санадҳои дигари меъёрӣ-ҳуқуқӣ, бо воситаи вакилони худ иштирок намудан дар идоракунии кишвар ва талаб намудани ҳуқуқу озодиҳо аз ҷониби аҳолӣ, ки тантанаи арзишҳои демократиро дар кишвар таҷассум намояд;
- ба мақомоти қонунгузории кишвар дар роҳи фаъолияти минбаъда ва муайян намудани самтҳои асосии таҳкими низоми қонунгузорӣ;
- бедории ҳисси миллии ҷавонон дар самти ҳимояи марзу буми кишвар;
- муносибатҳои дуҷонибаи давлат ва шаҳрвандон, риояи вазифаву уҳдадориҳои дуҷонибаи миёни онҳо, иштироки бевоситаи давлату мақомотҳои он ва аҳолӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ.
-зиёд намудани теъдоди оилаҳои солим ва пешгирӣ намудани барҳамхӯрии оилаҳои ҷавонон;
- таваҷҷуҳ ба муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳи пешгирии поймолшавии ҳуқуқи онҳо дар кишварҳои муҳоҷират.
Мавриди зикр аст, ки масъалаи маърифати ҳуқуқӣ танҳо аз моҳияти ҳуқуқӣ иборат нест ё худ фақат мазмуни ҳуқуқӣ надорад, балки бо маҷмуи арзишҳои маънавӣ, аз қабили расму анъанаҳои миллию ахлоқӣ оид ба некию накӯкорӣ, шафқату дилсӯзӣ, ростӣ, ҳақиқат, покӣ, адолат ва дигар арзишҳои дар таърихи мавҷудияти миллат исботшуда робитаи ногусастанӣ дорад.
Қайд кардан бамарид аст, ки барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши суд низ назаррас аст. Зеро, судяҳо мувофиқи нақшаҳои кории дохилиидоравӣ вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ вохӯриҳои судманд доир намуда, ҳамаи ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва дигар ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешавад. Ғайр аз ин, дар рӯзномаву маҷаллаҳо мақолаҳо чоп мешаванд. Ҳамзамон, бо иштироки фаъолони шаҳр ва деҳот мурофиаҳои сайёри судӣ гузаронида мешавад. Дар баробари ин, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар телевизиону радиоҳо вобаста ба мавзӯи баланд бардоштани маърифатӣ ҳуқуқӣ баромадҳо мекунанд. Инчунин судяҳо дар барномаи «Мурофиа» иштирок намуда, вобаста ба масъалаи мазкур мурофиаҳои судии саҳнавӣ омода мекунанд, ки дар телевизионҳо пахш мешаванд.
Чораҳои гуногун ва барномаҳои давлатие, ки давоми соли оғозгардида дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандон амалӣ карда мешаванд, бевосита дар иҷрои вазифаҳое, ки дар боло қайд карда шуд, саҳми муносиб гузошта, бори дигар демократия дар Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидаро ба ҷомеаи ҷаҳон муаррифӣ менамояд.

Судяи Суди Олӣ
Ғуломзода И.Ш.


Бозгашт ба рӯйхат