МАҶЛИСИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Имрӯз, 3 октябри соли 2024 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар кишварамон тибқи Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола рӯзи 5 октябр њамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Афзуданд, ки забон ҳамчун нишонаи ҳастии миллат, дарбаргирандаи суннатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқ ва аз ҳама муҳим унсури муҳимтарини шинохту муаррифгари давлат ба ҳисоб меравад.
Дар маҷлиси тантанавӣ маърӯзачиён дар мавзӯъҳои «Таърихи забони тоҷикӣ ва тоҷикон», «Нақши Асосгузори сулњу вањдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон дар рушду инкишофи забони давлатӣ» ва «Конститутсия заминаи рушду такомули забони давлатӣ» баромад намуданд.
Забони давлатӣ рукни асосии соҳибихтиёрии давлат мебошад, зеро эътирофу шинохти давлат аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи байналхалқӣ маҳз аз ин падида сарчашма мегирад. Аз ин лиҳоз дар шароити ҷаҳонишавӣ софу бегазанд ва беолоишу устувор нигоҳ доштани забони модарӣ, ки заминаи муҳим ва асосӣ дар устувории пояҳои истиқлоли миллӣ мебошад, вазифаи ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон мебошад.
Забони тоҷикӣ инъикоси ёдгории маънавии миллӣ, оинаи таърихи деринаи халқи тоҷик, урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мост.
Забони тоҷикӣ ҳамчун таҳкурсии адабиву фарҳангии тамоми сокинони Тоҷикистон василаи ягонаи муколама миёни қишрҳои ҷомеа аст. Рушду такомули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад, зеро истиқлоли забонӣ пояи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб мешавад.
Аз сардафтари адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабии хешро бо ин забони шево эҷод намуда, дар муаррифӣ намудани миллати тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.

IMG_6388.JPGДавлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳти роҳбарии оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд пешрафти устувори ватанамонро таъмин карда, мақоми забони тоҷикиро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, аз минбари Созмони милали муттаҳид бо забони ноби тоҷикӣ аз сулҳу амнияти миллату кишварҳо ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан менамоянд.
Имрӯз забони давлатӣ дар ҳудуди кишвари мо ба сифати омили муҳимтарини баҳамоии миллат ва халқиятҳо хизмат намуда истодааст.
Дар замони Истиқлолият тағйир додани ақидаи ҷомеа нисбат ба арзишҳои забонӣ, пас аз ҳафтод соли дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ будан, нишон додани қудрату имконоти воқеии забони тоҷикӣ дар робитаҳои дохиливу хориҷии таърихи давлатдории муосири тоҷикон аз ҷумлаи хидматҳои азими Сарвари давлат ба ҳисоб меравад.
Дар ҳамоиш инчунин қайд гардид, ки бо вуҷуди мақоми асосӣ доштани забони давлатӣ меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду нумуи забонҳои халқҳои ақаллияти сокини кишвар низ имкониятҳои баробар фароҳам овардааст.
Дар фароварди маҷлиси тантанавӣ Раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён иштироккунандагонро бори дигар бо фарорасии Ҷашни бузарг – Рӯзи забони давлатӣ шодбош намуда, ҳамеша пойдор будани забони давлатиро дар сатҳи давлати миллӣ таманно намуданд.


Бозгашт ба рӯйхат