4 марти соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бо иштироки Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинон ва судяҳои Суди Олӣ баргузор гардид. Дар кори маҷлис судяҳо, раисони суди вилоятҳо, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаҳои пурмасъул таъин гардиданд, муаррифӣ карда шуданд.
Аз шумораи умумии кадрҳои навтаъингардида 56 нафарашон ба ҳайси судя-коромӯз бори аввал ба вазифаи судя таъин карда шуда, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ҷамъомади судяҳо дар вазъияти тантанавӣ савгандро бо чунин матн ёд карданд: "Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, холисона, поквиҷдонона ва одилона иҷро менамоям, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям. Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам".
Боиси қайд аст, ки бо фармони имрӯза зиёда аз 20 бонувону духтароне, ки парвардаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд, ба вазифаҳои раис, муовин ва судя дар мақомоти судӣ таъин карда шуданд.
Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. иброз доштанд, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри миллат, инчунин, рӯзи 5 декабри соли 2024 дар мулоқот бо кормандони мақомоти судии кишвар баён доштанд, масъалаҳои хоста гирифтан, пешбарӣ ва ҷобаҷогузории номзадҳои арзанда ба вазифаи судя, бо роҳи омузиши ҳаматарафаи донишу таҷриба, одобу ахлоқ ва масъулиятшиносӣ дуруст ба роҳ монда мешавад.

Ғайр аз ин, Раиси Суди Олӣ ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо, аз ҷумла мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ қатъиян риоя намудани муҳлати баррасии парвандаҳо, таъмин намудани адолати судӣ ва волоияти қонун, мудом машғул будан ба бозомӯзӣ, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбӣ, ба азхудкунии забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, дар назди судяҳо вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Инчунин, Раиси Суди Олӣ таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба эътибори аввалиндараҷа додан барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва андешидани чораҳои қатъӣ вобаста ба мушкилиҳои дар низоми судӣ ҷойдошта, ҷалб намуд.