12 марти соли 2025 дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оид ба муаррифӣ намудани Маҳмадуллозода Неъматулло Ҳикматулло, ки бо фармоиши Раиси Суди Олӣ муҳтарам Мирзозода Р.П. ба вазифаи Роҳбари дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст, баргузор гардид.
Раиси Суди Олӣ роҳбари дастгоҳи Суди Олиро ба ҳайати кормандон муаррифӣ карда, дар суханронии худ аҳамияти интихоб ва таъин намудани Маҳмадуллозода Н.Ҳ.-ро таъкид намуд. Қайд гардид, ки номбурда дорои дониш ва таҷрибаи кофӣ буда, метавонад ба беҳбудии равандҳои корӣ ва самаранокии фаъолияти дастгоҳи судро дуруст ба роҳ монад.
Инчунин, Раиси Суди Олӣ зикр намуд, ки фаъолияти дастгоҳи Суди Олӣ бояд такмил ёфта, ба рушди тамоми низоми судӣ мусоидат намояд. Вобаста ба масъалаҳои корӣ дастуру супоришҳои мушаххас ба масъулин пешниҳод карда шуданд.