ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СУДИ ОЛӢ

20 марти соли равон дар толори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, судяҳо, раисони судҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва кормандони дастгоҳи Суди Олӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Чорабинии идонаро муовини якуми Раиси Суди Олӣ муҳтарам Лутфуллозода Ш.А. оғоз намуда, ҳозиринро ба Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфта, таъкид дошт, ки Наврӯз покиву покизакорӣ ва осудагиву накӯкориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад. Ҳамин аст, ки ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо мақоми расмиро соҳиб гардид, балки бо талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалиро касб карду ҳамчун омили ҳамгироӣ дар замони ҷаҳонишавӣ пазируфта шуд.
1742473976272.jpg

Гуфта шуд, ки имрӯз бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат кулли башарият маҳаки асосии Наврӯзро, ки инсонмеҳварӣ, ободкорӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилист, дақиқ дарк намуда, онро ҷузъе аз фарҳанги хеш пиндоштанд ва ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.

Сипас, дар чорабинии идона ҳунармандони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳунарнамоӣ намуда, бо сурудҳои рангинашон хотири ҳозиринро шод намуданд.

SAVE_20250320_205927.jpgSAVE_20250320_210028.jpgSAVE_20250320_210018.jpg


Бозгашт ба рӯйхат